Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод
Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод, Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод. Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод, Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод!
Дӯстон
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон Бартар аз дидори рӯйи дӯстон. Ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Чаҳор чиз
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад: Тани дурусту хуи неку номи неку хирад. Ҳар он кӣ Эзадаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард, Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад, Не бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ, Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ, Киштие соз то бадон гузарӣ!
Мардӣ
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ, Бар куру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ. Мардӣ набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Дониш чароғи роҳ
Дониш чароғи роҳи дилу дидаи башар, Бедонишӣ зулолаи умрро кунад хатар. Бо илму ҳикмат аст баландии одамӣ, Беилм кас намерасад ба авҷи муътабар.