Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дар дида ба ҷои хоб об аст маро,
Дар дида ба ҷои хоб об аст маро, Зеро ки ба диданат шитоб аст маро. Гӯянд: Бихоб, то ба хобаш бинӣ, Эй бехабарон, чӣ ҷои хоб аст маро?
Мансури Ҳалоҷ он наҳанги дарё,
Мансури Ҳалоҷ он наҳанги дарё, К-аз пунбаи тан донаи ҷон кард ҷудо, Рӯзе, ки «аналҳақ» ба забон меовард, Мансур куҷо буд?- Худо буд, Худо.
То чанд кашам ғуссаи ҳар нокасро,
То чанд кашам ғуссаи ҳар нокасро, В-аз хиссати худ хок шавам ҳар хасро. Корам ба дуо чу барнамеояд рост, Додам се талоқ ин фалаки атласро.
Гаҳ бар дари дайр менишонӣ моро,
Гаҳ бар дари дайр менишонӣ моро, Гаҳ дар раҳи Каъба медавонӣ моро. Инҳо ҳамагӣ лозимаи ҳастии мост, Хуш он ки зи хеш вораҳонӣ моро.
Ё раб, макун аз лутф парешон моро,
Ё раб, макун аз лутф парешон моро, Ҳарчанд ки ҳаст ҷурму исён моро. Зоти ту ғанӣ будаву мо мӯҳтоҷем, Мӯҳтоҷ ба ғайри худ магардон моро.
Он ишқ, ки ҳаст ҷузъи лоянфаки мо,
Он ишқ, ки ҳаст ҷузъи лоянфаки мо, Ҳошо, ки шавад ба ақли мо мадраки мо. Хуш он ки зи нури ӯ диҳад субҳи яқин, Моро бираҳонад зи зуломи шаки мо.
Аз зӯҳд агар мадад диҳӣ имонро,
Аз зӯҳд агар мадад диҳӣ имонро, Муртоз кунӣ ба тарки дунё ҷонро. Тарки дунё, на зӯҳди дунё, зеро-к Наздики хирад зӯҳд бихонанд онро.
Ё раб, зи карам даре ба рӯям бикушо,
Ё раб, зи карам даре ба рӯям бикушо, Роҳе, ки дар ӯ наҷот бошад, бинамо. Мустағниям аз ҳар ду ҷаҳон кун ба карам, Ҷуз ёди ту ҳар чӣ ҳаст, бар аз дили мо.
Гуфтӣ, ки манам моҳи Нишопур, саро,
Гуфтӣ, ки манам моҳи Нишопур, саро, Эй моҳи Нишопур, Нишопур туро. Они ту турову они мо низ туро, Бо мо бинагӯӣ, ки хусумат зи чиро.
То дард расид чашми хунхори туро,
То дард расид чашми хунхори туро, Хоҳам, ки кашад ҷони ман озори туро. Ё раб, ки зи чашм захми даврон ҳаргиз Дарде нарасад наргиси бемори туро.
Васли ту куҷову мани маҳҷур куҷо.
Васли ту куҷову мани маҳҷур куҷо. Дурдона куҷо, ҳавсалаи мӯр куҷо? Ҳарчанд зи сӯхтан надорам боке, Парвона куҷову оташи Тур куҷо?
Дар Каъба агар дил суи ғайр аст туро,
Дар Каъба агар дил суи ғайр аст туро, Тоат ҳама фисқу Каъба дайр аст туро. В-ар дил ба Худову сокини майкадаӣ, Май нӯш, ки оқибат ба хайр аст туро.
Гуфтам: Санамо, лоларухо, дилдоро,
Гуфтам: Санамо, лоларухо, дилдоро, Дар хоб намой чеҳра боре, ёро. Гуфто, ки равӣ ба хоб бе мо в-он гаҳ Хоҳӣ, ки дигар ба хоб бинӣ моро?
Во фарёдо зи ишқ, во фарёдо,
Во фарёдо зи ишқ, во фарёдо, Корам ба яке турфа нигор афтодо. Гар доди мани шикаста додо, додо В-арна ману ишқ, ҳарчӣ бодо, бодо!
Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон,
Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон, Не бар падарон монаду не бар писарон. То битвонӣ, умр ба тоат гузарон, Бингар, ки фалак чӣ мекунад бо дигарон.