Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дӣ шона зад он моҳ хами гесӯро,
Дӣ шона зад он моҳ хами гесӯро, Бар чеҳра ниҳод зулфи анбарбӯро. Пӯшид бад-ин ҳила рухи некӯро, То ҳар кӣ на маҳрам, нашиносад ӯро.
Тасбеҳ малакрову сафо Ризвонро,
Тасбеҳ малакрову сафо Ризвонро, Дӯзах бадро, биҳишт мар неконро. Дунё Ҷамрову Қайсару Хоқонро, Ҷонон морову ҷони мо ҷононро.
Пурсидам аз ӯ воситаи ҳиҷронро,
Пурсидам аз ӯ воситаи ҳиҷронро, Гуфто: Сабабе ҳаст, бигӯям онро. Ман чашми туам, агар набинӣ, чӣ аҷаб, Ман ҷони туам, касе набинад ҷонро.
Он ришта, ки қуввати равон аст маро,
Он ришта, ки қуввати равон аст маро, Оромиши ҷони нотавон аст маро Бар лаб чу кашӣ, ҷон кашадам аз паи он, Пайванд чу бо риштаи ҷон аст маро.
Он ишқ, ки ҳаст ҷузъи лоянфаки мо,
Он ишқ, ки ҳаст ҷузъи лоянфаки мо, Ҳошо, ки шавад ба ақли мо мадраки мо. Хуш он ки зи нури ӯ диҳад субҳи яқин, Моро бираҳонад зи зуломи шаки мо.
То дард расид чашми хунхори туро,
То дард расид чашми хунхори туро, Хоҳам, ки кашад ҷони ман озори туро. Ё раб, ки зи чашм захми даврон ҳаргиз Дарде нарасад наргиси бемори туро.
Васли ту куҷову мани маҳҷур куҷо.
Васли ту куҷову мани маҳҷур куҷо. Дурдона куҷо, ҳавсалаи мӯр куҷо? Ҳарчанд зи сӯхтан надорам боке, Парвона куҷову оташи Тур куҷо?
Гуфтам: Санамо, лоларухо, дилдоро,
Гуфтам: Санамо, лоларухо, дилдоро, Дар хоб намой чеҳра боре, ёро. Гуфто, ки равӣ ба хоб бе мо в-он гаҳ Хоҳӣ, ки дигар ба хоб бинӣ моро?
Во фарёдо зи ишқ, во фарёдо,
Во фарёдо зи ишқ, во фарёдо, Корам ба яке турфа нигор афтодо. Гар доди мани шикаста додо, додо В-арна ману ишқ, ҳарчӣ бодо, бодо!