Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дар кори кас ар қарор мебояд, ҳаст,
Дар кори кас ар қарор мебояд, ҳаст, В-ин ёр, ки дар канор мебояд, ҳаст. Ҳаҷре, ки ба ҳеч кор менояд, нест, Васле, ки чу ҷон ба кор меояд, ҳаст.
Бар мо дари васл баста медорад дӯст,
Бар мо дари васл баста медорад дӯст, Дилро ба фироқ хаста медорад дӯст. Минбаъд ману шикастагии дари дӯст, Чун дӯст дили шикаста медорад дӯст.
Ақраб сари зулфи ёру маҳ пайкари ӯст,
Ақраб сари зулфи ёру маҳ пайкари ӯст, Бо ин ҳама кибру ноз, к-андар сари ӯст, Шириндаҳанею шаҳд дар шаккари ӯст, Фармондиҳи рӯзгор фармонбари ӯст.
Ишқ омаду шуд чу хунам андар рагу пӯст,
Ишқ омаду шуд чу хунам андар рагу пӯст, То кард маро тиҳию пур кард зи дӯст. Аҷзои вуҷудам ҳамагӣ дӯст гирифт, Номест зи ман бар ману боқӣ ҳама ӯст.
Чашме дорам, ҳама пур аз дидани дӯст,
Чашме дорам, ҳама пур аз дидани дӯст, Бо дида маро хуш аст, чун дӯст дар ӯст. Аз дида ду даст фарқ кардан натвон, Ё ӯст даруни дида, ё дида худ ӯст.
Дар дард шаке нест, ки дармоне ҳаст,
Дар дард шаке нест, ки дармоне ҳаст, Бо ишқ яқин аст, ки ҷононе ҳаст. Аҳволи ҷаҳон чу дам ба дам мегардад, Шак нест дар ин ҳол, ки гардоне ҳаст.
Дарде, ки зи ман ҷон биситонад, ин аст,
Дарде, ки зи ман ҷон биситонад, ин аст, Ишқе, ки касаш чора надонад, ин аст. Чашме, ки ҳамеша хун фишонад, ин аст, Он шаб, ки ба рӯзам нарасонад, ин аст.
Он шаб, ки маро зи васлат, эй маҳ, ранг аст,
Он шаб, ки маро зи васлат, эй маҳ, ранг аст, Болои шабам кӯтаҳу паҳно танг аст. В-он шаб, ки туро бо мани мискин ҷанг аст, Шаб кӯру хурӯс гунгу Парвин ланг аст.
Гирям зи ғами ту зору гӯӣ зарқ аст,
Гирям зи ғами ту зору гӯӣ зарқ аст, Чун зарқ бувад, ки дида дар хун ғарқ аст. Ту пиндорӣ, ки ҳар диле чун дили туст, Не, не, санамо, миёни дилҳо фарқ аст.
Роҳи ту ба ҳар равиш, ки пӯянд, хуш аст,
Роҳи ту ба ҳар равиш, ки пӯянд, хуш аст, Васли ту ба ҳар ҷиҳат, ки ҷӯянд, хуш аст. Рӯи ту ба ҳар дида, ки бинанд, накӯст, Номи ту ба ҳар забон, ки гӯянд, хуш ас
Эй дил, ғами ишқ аз барои ману туст,
Эй дил, ғами ишқ аз барои ману туст, Сар бар хати ӯ неҳ, ки сазои ману туст. Ту чошнии дард надонӣ, в-арна Як дам ғами дӯст хунбаҳои ману туст.
Он оташи сӯзанда, ки ишқаш лақаб аст,
Он оташи сӯзанда, ки ишқаш лақаб аст, Дар пайкари куфру дин чу сӯзанда таб аст. Имон дигару кеши муҳаббат дигар аст, Пайғамбари ишқ на Аҷам, на Араб аст.
Ғам ошиқи синаи балопарвари мост,
Ғам ошиқи синаи балопарвари мост, Хун дар дили орзу зи чашми тари мост. Ҳон ғайр, агар ҳарифи моӣ, пеш ой, К-алмос ба ҷои бода дар соғари мост.
Озодию ишқ чун ҳаме н-омад рост,
Озодию ишқ чун ҳаме н-омад рост, Банда шудаму ниҳодам аз як сӯ хост. З-ин пас чунонки дорадам дӯст, равост, Гуфтору хусумат аз миёна бархост.
Тире зи камонхонаи абрӯи ту ҷаст,
Тире зи камонхонаи абрӯи ту ҷаст, Дил партави васлро хаёле барбаст. Хуш-хуш зи дилам гузашту мегуфт ба ноз: Мо паҳлуи чун туе нахоҳем нишаст.
Он ёр, ки аҳди дӯстдорӣ бишкаст,
Он ёр, ки аҳди дӯстдорӣ бишкаст, Мерафту манаш гирифта доман дар даст. Мегуфт: Дигарбора ба хобам бинӣ, Андар карамат он чи маро бояд, ҳаст.
Эй дил, чу фироқаш раги ҷон бикшудат,
Эй дил, чу фироқаш раги ҷон бикшудат, Манмой ба кас хирқаи хунолудат. Менол чунон, ки нашнаванд овозат, Месӯз чунон, ки барнаёяд дудат.
Шириндаҳане, ки аз лабаш ҷон мерехт,
Шириндаҳане, ки аз лабаш ҷон мерехт, Куфраш зи сари зулфи парешон мерехт. Гар шайх ба куфри зулфи ӯ раҳ мебурд, Хоки раҳи ӯ бар сари имон мерехт.
Аз нахли тараш бор чу борон мерехт,
Аз нахли тараш бор чу борон мерехт, В-аз сафҳаи рух гул ба гиребон мерехт. Аз ҳасрати хоки пои он тозаниҳол Селоб зи чашми оби ҳайвон мерехт.
Аз куфри сари зулфи вай имон мерехт,
Аз куфри сари зулфи вай имон мерехт, В-аз нӯши лабаш чашмаи ҳайвон мерехт. Чун кабки хироманда ба сад раъноӣ Мерафту зи хоки қадамаш ҷон мерехт.
Ишқ омаду хоки меҳнатам бар сар рехт,
Ишқ омаду хоки меҳнатам бар сар рехт, З-он барқи бало ба хирманам ахгар рехт. Хун дар дилу решаи танам сӯхт чунон, К-аз дида ба ҷои ашк хокистар рехт.
Ишқ омаду гарди фитна бар ҷонам бехт,
Ишқ омаду гарди фитна бар ҷонам бехт, Ақлам шуду ҳуш рафту дониш бигрехт. З-ин воқиа ҳеч дӯст дастам нагирифт, Ҷуз дида, ки ҳар чӣ дошт, бар поям рехт.
Дишаб, ки дилам зи тоби ҳиҷрон месӯхт,
Дишаб, ки дилам зи тоби ҳиҷрон месӯхт, Ашкам ҳама дар дидаи гирён месӯхт. Месӯхтам ончунон, ки ғайр аз дилу ту Бар ман дили кофару мусулмон месӯхт.
Он рӯз, ки оташи муҳаббат афрӯхт,
Он рӯз, ки оташи муҳаббат афрӯхт, Ошиқ равиши сӯз зи маъшуқ омӯхт. Аз ҷониби дӯст сар зад ин сӯзу гудоз, То дарнагирифт шамъ, парвона насӯхт.
То зулфи ту шоҳ гашту рухсори ту тахт,
То зулфи ту шоҳ гашту рухсори ту тахт, Афканд дилам баробари тахти ту рахт. Рӯзе бинӣ маро, шуда куштаи бахт. Ҳалқам шуда дар ҳалқаи симини ту сахт.