Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
36. АФСУНГАРӢ ОЗМУДАНИ САРВ БАР ПИСАРОНИ ФАРИДУН
Сари тозиён Сарв-шоҳи Яман Май оварду майхора кард анҷуман. Ба ромиш биёросту букшод лаб, Ҳаме хӯрд, то тиратар гашт шаб.
35. РАФТАНИ ПИСАРОНИ ФАРИДУН НАЗДИ ШОҲИ ЯМАН
Бирафтанду ҳар се биёростанд, Або хештан мӯбадон хостанд Кашиданд бо лашкари чун сипеҳр Ҳама номдорони хуршедчеҳр.
34. ПОСУХ ДОДАНИ ШОҲИ ЯМАН ҶАНДАЛРО
Фиристодаи шоҳро пеш хонд, Фаровон суханро ба хубӣ биронд, Ки «Ман шаҳрёри туро кеҳтарам, Ба ҳар-ч ӯ бифармуд, фармон барам.
33. ФИРИСТОДАНИ ФАРИДУН ҶАНДАЛРО БА ЯМАН
Зи солаш чу як панҷаҳ андаркашид, Се фарзандаш омад гиромӣ падид. Ба бахти ҷаҳондор ҳар се писар Се фаррухнажод аз дари тоҷи зар.
32. ФАРИДУН Подшоҳии Фаридун понсад сол буд
Бар тахт нишастани Фаридун Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор, Надонист ҷуз хештан шаҳрёр. Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ
31. БАНД КАРДАНИ ФАРИДУН ЗАҲҲОКРО
Ҷаҳондор Заҳҳок аз он гуфтугӯй Ба ҷӯш омаду тез бинҳод рӯй. Бифармуд, то барниҳоданд зин Бар он роҳпӯёни борикбин.
30. ДОСТОНИ ФАРИДУН БО ВАКИЛИ ЗАҲҲОК
Чу кишвар зи Заҳҳок будӣ тиҳӣ, Яке моявар буд ба сони раҳӣ, Ки ӯ доштӣ тахту ганҷу сарой, Шигифте ба дилсӯзагӣ кадхудой.
29. ДИДАНИ ФАРИДУН ХОҲАРОНИ ҶАМШЕДРО
Тилисме, ки Заҳҳок созида буд, Сараш б-осмон - бар фарозида буд, Фаридун зи боло фуруд оварид, Ки он ҷуз ба номи ҷаҳондор дид.
28. РАФТАНИ ФАРИДУН БА ҶАНГИ ЗАҲҲОК
Фаридун ба хуршед - бар бурд сар, Ба кини падар танг басташ камар. Бурун шуд ба шодӣ ба хурдодрӯз, Ба некахтару фоли гетифурӯз.
27. ДОСТОНИ ЗАҲҲОК БО КОВАИ ОҲАНГАР
Чунон буд, ки Заҳҳок худ рӯзу шаб Ба ёди Фаридун кушодӣ ду лаб. Бад-он бурзу боло зи бими нишеб Дилаш з-Офаридун шуда пурниҳеб.
26. ПУРСИДАНИ ФАРИДУН НАЖОДИ ХУДРО АЗ МОДАР
Чу бугзашт бар Офаридун ду ҳашт, Зи Албурзкӯҳ андаромад ба дашт. Бари модар омад пижӯҳиду гуфт, Ки «Букшой бар ман ниҳон аз нуҳуфт.
25. АНДАР ЗОДАНИ ФАРИДУН
Баромад бар ин рӯзгоре дароз, Ки шуд аждаҳофаш ба тангӣ фароз. Хуҷаста Фаридун зи модар бизод, Ҷаҳонро яке дигар омад ниҳод.
24. АНДАР ХОБ ДИДАНИ ЗАҲҲОК ФАРИДУНРО
Чу аз рӯзгораш чиҳил сол монд, Нигар, то ба сар бар-ш Яздон чӣ ронд. Дар айвони шоҳӣ шабе дерёз Ба хоб - андарун буд бо Арнавоз.
23. ЗАҲҲОК Подшоҳии Заҳҳок ҳазор сол буд
Чу Заҳҳок бар тахт шуд шаҳрёр, Бар ӯ солиён анҷуман шуд ҳазор. Саросар замона бад-ӯ гашт боз, Баромад бар ин рӯзгори дароз.
22. ТАБОҲ ШУДАНИ РӮЗГОРИ ҶАМШЕД
Аз он пас баромад аз Эрон хурӯш, Падид омад аз ҳар сӯе ҷангу ҷӯш. Сияҳ гашт рахшанда рӯзи сапед, Гусистанд пайванд аз Ҷаммшед,
21. ХОЛИГАРӢ КАРДАНИ ИБЛИС
Ҷавоне баророст аз хештан, Сухангӯю бинодилу поктан. Ҳам эдун ба Заҳҳок бинҳод рӯй, Набудаш ҷуз аз офарин гуфтугӯй.
20. ДОСТОНИ ЗАҲҲОК БО ПАДАРАШ
Яке мард буд андар он рӯзгор Зи дашти саворони найзагузор. Гаронмоя ҳам шоҳу ҳам некмард, Зи тарси ҷаҳондор бо боди сард.
19. АНДАР СИТОИШИ СУЛТОН МАҲМУД
Ҷаҳонофарин то ҷаҳон офарид, Чу ӯ шаҳрёре наёмад падид. Чу хуршед бар гоҳ бинмуд тоҷ, Замин шуд ба кирдори тобанда оҷ.
18. ГУФТОР ДАР ОФАРИНИШИ ОЛАМ
Зи оғоз бояд, ки донӣ дуруст, Сари мояи гавҳарон аз нахуст. Ки Яздон зи ночиз чиз офарид Бад-он, то тавоноӣ омад падид.
17. ГУФТОР АНДАР СИТОИШИ ХИРАД
Кунун, эй хирадманд, арҷи хирад Бад-ин ҷойгаҳ гуфтан андархурад, Хирад беҳтар аз ҳарчӣ Эзад-т дод, Ситоиш хирадро беҳ аз роҳи дод.
16. ОҒОЗИ КИТОБ
Ба номи худованди ҷону хирад, К-аз ин бартар андеша барнагзарад: Худованди ному худованди ҷой, Худованди рӯзидиҳу раҳнамой.
15. Ҷамшед
Гаронмоя Ҷамшед фарзанди ӯй, Камар баставу дил пур аз панди ӯй. Баромад бар он тахти фаррух падар, Ба расми каён бар сараш тоҷи зар.
14. Таҳмурас
Писар буд мар ӯро яке ҳушманд, Гаронмоя Таҳмураси девбанд. Биёмад, ба тахти падар барнишаст, Ба шоҳӣ камар бар миён - бар бубаст.
13. Бунёд ниҳодани ҷашни сада
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ. Падид омад аз дур чизе дароз, Сияҳрангу тиратану тезтоз.
12. Ҳушанг
Ҷаҳондор Ҳушанги борою дод Ба ҷои ниё тоҷ бар сар ниҳод. Бигашт аз бараш чарх соле чиҳил, Пур аз ҳуш мағзу пур аз дод дил.