Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ПОСУХ ДОДАНИ ШОҲИ ЯМАН ҶАНДАЛРО

Фиристодаи шоҳро пеш хонд, Фаровон суханро ба хубӣ биронд, Ки «Ман шаҳрёри туро кеҳтарам, Ба ҳар-ч ӯ бифармуд, фармон барам. Бигӯяш, ки гарчи ту ҳастӣ баланд, Се фарзанди ту бар ту ҳаст арҷманд. Писар худ гиромӣ бувад шоҳро, Бавижа, ки зебо бувад гоҳро. Сухан ҳарчӣ гуфтӣ, пазирам ҳаме, Зи фарзанд андоза гирам ҳаме. Агар подшо дида хоҳад зи ман, В-агар дашти гурдону тахти Яман, Маро хортар з-он ки фарзанди хеш Набинам ба ҳангоми боист пеш. Пас, ар шоҳро инчунин аст ком, Нашояд задан ҷуз ба фармон-ш гом. Ба фармони шоҳ ин се фарзанди ман Бурун он гаҳ ояд зи пайванди ман, Куҷо ман бубинам се шоҳи туро, Фурӯзандаи тоҷу гоҳи туро. Биёянд шодон ба наздики ман, Шавад равшан ин ҷони торики ман. Шавад шодмон дил зи дидорашон, Бибинам равонҳои бедорашон. Пас он гаҳ се равшан ҷаҳонбини ман, Бад-эшон супорам ба оини ман. Чу бинам кишон дил пур аз дод ҳаст, Ба зинҳорашон даст гирам ба даст. Гар ояд ба дидори эшон ниёз, Фиристам сабукшон бари шоҳ боз». Сароянда Ҷандал чу посух шунид, Бибӯсид тахташ, чунон чун сазид. Пур аз офарин лаб зи айвони ӯй Сӯи шаҳрёри ҷаҳон кард рӯй. Биёмад, чу назди Фаридун расид, Бигуфт, он куҷо гуфту посух шунид. Се фарзандро хонд шоҳи ҷаҳон, Нуҳуфта бурун оварид аз ниҳон.