Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

РАФТАНИ ПИСАРОНИ ФАРИДУН НАЗДИ ШОҲИ ЯМАН

Бирафтанду ҳар се биёростанд, Або хештан мӯбадон хостанд Кашиданд бо лашкари чун сипеҳр Ҳама номдорони хуршедчеҳр. Чу аз омаданшон шуд огоҳ Сарв, Биёрост лашкар чу парри тазарв. Фиристодашон лашкари гашн пеш, Чи бегона фарзонагону чи хеш. Шуданд ин се пурмоя андар Яман, Бурун омаданд аз Яман марду зан. Ҳама гавҳару заъфарон рехтанд, Ҳама мушк бо май баромехтанд. Ҳама ёли аспон пур аз мушку май, Пароканда динор дар зери пай. Яке кох ороста чун биҳишт, Ҳама аз зару сим афканда хишт. Ба дебои румӣ биёроста, Чӣ моя, бад-ӯ-андарун хоста. Фуруд оварид андар он кохашон, Чу шаб рӯз шуд, кард густохашон. Се духтар чунон чун Фаридун бигуфт, Сипаҳбад бурун оварид аз нуҳуфт. Ба дидор ҳар се чу тобанда моҳ, Нашоист кардан бад-эшон нигоҳ. Нишастанд ҳар се бар он ҳамнишон, Ки гуфташ Фаридун ба гарданкашон. Аз ин се гаронмоя пурсид меҳ, К-«Аз ин се ситора кадом аст кеҳ? Миёна кадом асту меҳтар кадом, Бибояд бар ин гунатон бурд ном». Бигуфтанд з-он гуна, к-омӯхтанд, Сабук чашми найранг бардӯхтанд. Шигифтӣ фурӯ монд Сарви Яман, Ҳам эдун далерони он анҷуман. Бидонист шоҳи гаронмоя зуд, К-аз омехтан ранг нояд-ш суд. Чунин гуфт: «Оре, ҳамин аст, зеҳ! Кеҳинро ба кеҳ доду меҳро ба меҳ.