Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

АФСУНГАРӢ ОЗМУДАНИ САРВ БАР ПИСАРОНИ ФАРИДУН

Сари тозиён Сарв-шоҳи Яман Май оварду майхора кард анҷуман. Ба ромиш биёросту букшод лаб, Ҳаме хӯрд, то тиратар гашт шаб. Се пури Фаридун се домоди ӯй, Бихӯрданд май ҳар се бар ёди ӯй. Бад-он гаҳ ки май чира шуд бар хирад, Куҷо хобу осоиш андархурад? Сабук бар сари обгири гулоб Бифармудашон сохтан ҷои хоб. Ба полез зери гулафшон дарахт Бихуфт ин се озодаи некбахт. Сари тозиён, шоҳи афсунгарон Яке чора андеша кард андар он. Бурун омад аз гулшани хусравӣ, Биёрост ороиши ҷодувӣ. Баровард сармову боди дамон, Бад-он то сар орад бар эшон замон. Чунон шуд, ки бифсурд ҳомуну роғ, Ба сар барнаёраст паррид зоғ. Се фарзанди он шоҳи афсункушой Биҷастанд з-он сахт сармо зи ҷой. Бад-он эзадӣ фарру фарзонагӣ, Ба афсуни шоҳону мардонагӣ, Бар он банду ҷоду бубастанд роҳ, Накард эч сармо бад-эшон нигоҳ. Чу хуршед барзад сар аз теғи кӯҳ, Биёмад сабук марди афсунпижӯҳ Ба назди се домоди озодмард, Ки бинад, рухоншон шуда лоҷвард. Фусурда ба сармову баргашта кор, Бимонда се духтар бад-ӯ ёдгор. Чунин хост кардан бад-эшон нигоҳ, На бар орзу гашт хуршеду моҳ. Се озодаро дид чун моҳи нав, Нишаста бар он хусравӣ гоҳи нав. Бидонист афсун наёяд ба кор, Набояд бад-ин бурд худ рӯзгор.