Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ОЗМУДАНИ ФАРИДУН ПИСАРОНИ ХУДРО

Чу аз бозгардидани он се шоҳ Шуд огаҳ Фаридун, биёмад ба роҳ. Зи дилшон ҳаме хост, к-огаҳ шавад, Зи бадҳо гумонеш кӯтаҳ шавад. Биёмад ба сони яке аждаҳо, К-аз ӯ шер гуфтӣ, наёбад раҳо. Хурӯшону ҷӯшон ба ҷӯш - андарун Ҳаме аз даҳон-ш оташ омад бурун. Чу ҳар се писарро ба наздик дид, Ба гирд - андарун кӯҳи торик дид. Барангехт гарду баровард ҷӯш, Ҷаҳон гашт аз овози ӯ пурхурӯш. Биёмад дамон сӯи меҳтарписар, Ки ӯ буд пурмояву тоҷвар. Писар гуфт бо аждаҳо рӯи ҷанг Набинад хирадёфта марди ҳанг. Сабук пушт бинмуду бигрехт з-ӯй, Падар зӣ бародар-ш бинҳод рӯй. Миёна бародар чу ӯро бидид, Камонро ба зеҳ карду андаркашид. Чунин гуфт: «Гар корзор аст кор, Чи шери даманда, чи ҷангисавор!» Чу кеҳтарписар назди эшон расид, Хурӯшид, к-он аждаҳоро бидид. Бад-ӯ гуфт, к-«Аз пеши мо боз шав! Палангӣ ту, дар роҳи шерон марав! Гарат номи шоҳ Офаридун ба гӯш Расидаст, бо мо бад-ин сон макӯш! Ки фарзанди ӯем ҳар се писар, Ҳама гурздорони пархошх(в)ар. Гар аз роҳ бероҳу яксӯ шавӣ, В-агарна, ниҳам-т афсари бадхавӣ.» Фаридуни фаррух чу бишниду дид, Ҳунарҳо бидонисту шуд нопадид. Бирафту биёмад падарвор пеш, Чунон чун сазо буд ба оину кеш. Або кӯсу бо жандапилони маст, Ҳамон гурзаи говпайкар ба даст.