Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

БАХШ КАРДАНИ ФАРИДУН ҶАҲОНРО БАР ПИСАРОН

Нуҳуфта чу берун кашид аз ниҳон, Басе бахш кард Офаридун ҷаҳон. Яке Руму Ховар, дигар Турку Чин, Севум Дашти Гурдону Эронзамин. Нахустин ба Салм - андарун бингарид, Ҳама Руму Ховар мар ӯро гузид. Бифармуд, то лашкаре баркашид, Гурозон сӯи Ховар андаркашид. Ба тахти каён андаровард пой, Ҳаме хондандиш ховархудой. Дигар Турро дод Туронзамин, В-аро кард солори туркону Чин. Яке лашкаре номзад кард шоҳ, Кашид он гаҳе Тур лашкар ба роҳ. Биёмад, ба тахти меҳӣ барнишаст, Камар бар миён басту букшод даст. Бузургон бад-ӯ гавҳар афшонданд, Ҷаҳонпок туроншаҳаш хонданд. В-аз он пас чу навбат ба Эраҷ расид, Мар ӯро падар шаҳри Эрон гузид. Ҳам Эрону ҳам Дашти Найзаварон, Ҳамон тахти шоҳиву тоҷи сарон Бад-ӯ дод, к-ӯро сазо дид гоҳ, Ҳамон теғу мӯҳру нигину кулоҳ. Саронро, ки буд ҳушу фарҳангу рой, Мар ӯро чӣ хонданд? Эронхудой. Нишастанд ҳар се ба орому шод Чунон марзбонони фаррухнажод.