Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

РАШК БУРДАНИ САЛМ БАР ЭРАҶ

Баромад бар ин рӯзгори дароз, Замона ба дил-бар ҳамедошт роз. Фаридуни фарзона шуд солх(в)ард, Ба боғи баҳор андаровард гард. Бар ин гуна гардад саросар сухан, Шавад суст нерӯ, чу гардад куҳан. Чу омад ба кор - андарун тирагӣ, Гирифтанд пурмоягон хирагӣ. Биҷунбид мар Салмро дил зи ҷой, Дигаргунатар шуд ба оину рой. Дилаш гашта ғарқа ба оз - андарун, Ба андеша биншаст бо раҳнамун. Набудаш писандида бахши падар, Ки додаш ба кеҳтарписар тахти зар. Ба дил пур зи кин шуд, ба рух пур зи чин, Фириста фиристод зӣ шоҳи Чин. Бигуфт, он чӣ андар дил андеша буд, Ҳаюне бар он сӯ барафканд зуд. Фиристод назди бародар паём, Ки ҷовид зӣ хурраму шодком. Бидон, эй шаҳаншоҳи Туркону Чин, Гусиста дили равшан аз беҳгузин. Зи гетӣ зиён карда моро писанд, Маниш пасту боло чу сарви баланд. Ба бедор дил бингар ин достон, К-аз ин гуна нашнидӣ аз бостон. Се фарзанд будем, зебои тахт Яке кеҳтар аз мо меҳ омад ба бахт. Агар меҳтарам ман ба солу хирад, Замона ба мӯҳри ман андархурад. Гузашта зи ман тоҷу тахту кулоҳ Назебад магар бар ту, эй подшоҳ? Сазад, гар бимонем ҳар ду дижам, К-аз ин сон падар кард бар мо ситам. Чу Эрону Дашти Алону Яман Ба Эраҷ диҳад, Руму Ховар ба ман. Супорад туро дашти туркону Чин, Кеҳ аз мо сипаҳдори Эронзамин?!