ФИРИСТОДАНИ ФАРИДУН ҶАНДАЛРО БА ЯМАН
Зи солаш чу як панҷаҳ андаркашид,
Се фарзандаш омад гиромӣ падид.
Ба бахти ҷаҳондор ҳар се писар
Се фаррухнажод аз дари тоҷи зар.
Ба боло чу сарву ба рух чун баҳор,
Ба ҳар чиз монандаи шаҳрёр.
Аз ин се ду покиза аз Шаҳрноз,
Яке кеҳтар аз хубчеҳр Арнавоз.
Падар низ нокарда аз ноз ном,
Ҳаме пеши пилон ниҳоданд гом.
Аз он пас бад-эшон нигаҳ кард шоҳ,
Ки гаштанд зебои тахту кулоҳ.
Фаридун аз он номдорони хеш
Якеро гаронмоятар хонд пеш,
Куҷо номи ӯ Ҷандали роҳбар,
Ба ҳар кор дилсӯз бар шоҳ-бар.
Бад-ӯ гуфт: «Баргард гирди ҷаҳон,
Се духтар гузин аз нажоди меҳон.
Ба хубӣ сазои се фарзанди ман,
Чунон чун бишоянд пайванди ман.
Падар ном нокарда аз нозашон,
Бад-он то нахонанд б-овозашон.
Се хоҳар зи як модару як падар,
Паричеҳраву поку хусравгуҳар.
Ба болову дидор ҳар се яке,
Ки инро надонанд аз он андаке».
Чу бишнид Ҷандал зи хусрав сухун,
Яке рои покиза афканд бун,
Ки бедордил буду покизамағз,
Забончарбу шоистаи кори нағз.
Зи пеши сипаҳбад бурун шуд ба роҳ
Або чанд тан мар варо некхоҳ.
Якояк зи Эрон сар андаркашид,
Пижӯҳиду ҳар гуна гуфту шунид.
Ба ҳар кишваре, к-аз ҷаҳон меҳтаре
Ба парда - дарун доштӣ духтаре,
Нуҳуфта биҷустӣ ҳама розашон,
Шунидӣ ҳама ному овозашон.