Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ФАРИДУН Подшоҳии Фаридун понсад сол буд

Бар тахт нишастани Фаридун Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор, Надонист ҷуз хештан шаҳрёр. Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ Биёрост бо кохи шоҳаншаҳӣ. Ба рӯзи хуҷаста сари меҳру моҳ Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ. Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ, Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ. Дил аз довариҳо бипардохтанд, Ба оини кай ҷашни нав сохтанд. Нишастанд фарзонагон шодком, Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом, Маи равшану чеҳраи шоҳи нав, Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав. Бифармуд, то оташ афрӯхтанд, Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд. Парастидани Меҳргон дини ӯст, Таносониву хӯрдан оини ӯст. Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи Меҳр, Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр. Варо буд ҷаҳон солиён понсад, Ки нафканд як рӯз бунёди бад. Ҷаҳон чун бар ӯ барнамонд, эй писар, Ту низ оз мапрасту андӯҳ мах(в)ар. Намонад, чунин дон, ҷаҳон бар касе, Дар ӯ шодкомӣ наёбӣ басе. Фаронак на огоҳ буд з-ин ниҳон, Ки фарзанди ӯ шоҳ шуд бар ҷаҳон. Зи Заҳҳок шуд тахти шоҳӣ тиҳӣ, Сар омад бар ӯ рӯзгори меҳӣ. Пас огоҳӣ омад зи фаррухписар Ба модар, ки фарзанд шуд тоҷвар. Ниёишкунон шуд, сару тан бишуст, Ба пеши ҷаҳондор омад нахуст. Ниҳод он сараш паст бар хок-бар, Ҳаме хонд нафрин ба Заҳҳок-бар. Ҳаме офарин хонд бар кирдгор,