ГУФТОР АНДАР СИТОИШИ ХИРАД
Кунун, эй хирадманд, арҷи хирад
Бад-ин ҷойгаҳ гуфтан андархурад,
Хирад беҳтар аз ҳарчӣ Эзад-т дод,
Ситоиш хирадро беҳ аз роҳи дод.
Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Аз ӯ шодмонӣ, аз ӯят ғам аст,
Аз ӯят фузунӣ, аз ӯят кам аст.
Хирад тираву марди равшанравон
Набошад ҳаме шодмон як замон.
Чӣ гуфт он ҳунарманд марди хирад,
Ки доно зи гуфтори ӯ бар хурад.
Касе к-ӯ хирадро надорад зи пеш,
Дилаш гардад аз кардаи хеш реш.
Ҳушивор девона хонад варо,
Ҳамон хеш бегона хонад варо.
Аз ӯӣ ба ҳарду сарой арҷманд,
Гусистахирад пой дорад ба банд.
Хирад чашми ҷон аст, чун бингарӣ,
Ту бе чашм шодон ҷаҳон наспарӣ.
Нахустофариниш хирадро шинос,
Нигаҳбони ҷон асту они сипос.
Сетои ту гӯш асту чашму забон,
К-аз инат расад неку бад бегумон.
Хирадрову ҷонро кӣ ёрад ситуд,
В-агар ман ситоям, кӣ ёрад шунуд?
Ҳакимо, чу кас нест, гуфтан чӣ суд?!
Аз ин пас бигӯ, к-офариниш чӣ буд?
Туӣ кардаи кирдгори ҷаҳон,
Шиносӣ ҳаме ошкору ниҳон.
Ҳамеша хирадро ту дастур дор,
Бад-ӯ ҷонат аз носазо дур дор.
Ба гуфтори донандагон роҳ ҷӯй,
Ба гетӣ бипӯю ба ҳар кас бигӯй.
Зи ҳар донише чун сухан бишнавӣ,
Аз омӯхтан як замон нағнавӣ!
Чу дидор ёбӣ ба шохи сухун,
Бидонӣ, ки дониш наёяд ба бун.