Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ДОСТОНИ ЗАҲҲОК БО ПАДАРАШ

Яке мард буд андар он рӯзгор Зи дашти саворони найзагузор. Гаронмоя ҳам шоҳу ҳам некмард, Зи тарси ҷаҳондор бо боди сард. Ки Мардос номи гаронмоя буд, Ба доду диҳиш бартарин поя буд. Мар ӯро зи дӯшиданӣ чорпой Зи ҳар як ҳазор омадандӣ ба ҷой. Бузу уштуру мешро ҳамчунин Ба дӯшандагон дода буд покдин. Ҳамон гови дӯшо ба фармонбарӣ, Ҳамон тозиаспи рамандафарӣ, Ба шир он касеро, ки будӣ ниёз, Бад-он хоста даст бурдӣ фароз. Писар буд мар он покдинро яке, К-аш аз меҳр баҳра набуд андаке. Ҷаҳонҷӯйро ном Заҳҳок буд, Далеру сабуксору нопок буд. Ҳамон Бевараспаш ҳаме хонданд, Чунин ном бар паҳлавӣ ронданд. Куҷо бевар аз паҳлавонӣ шумор, Бувад дар забони дарӣ даҳ ҳазор. Аз аспони тозӣ ба зарринситом Варо буд бевар, ки бурданд ном. Шабу рӯз будӣ ду баҳра ба зин Зи роҳи бузургӣ, на аз роҳи кин. Чунон буд, ки Иблис рӯзе пагоҳ Биёмад ба сони яке некхоҳ. Дили меҳтар аз роҳи некӣ бибурд, Ҷавон гӯш гуфтори ӯро супурд. Ҳамоно хуш омад-ш гуфтори ӯй, Набуд огаҳ аз зишт кирдори ӯй. Бад-ӯ дод ҳушу дилу ҷони пок, Пароканд бар тораки хеш хок. Чу иблис донист, к-ӯ дил бидод Бар афсонааш, гашт наҳмор шод. Фаровон сухан гуфт зебову нағз, Ҷавонро зи дониш тиҳӣ буд мағз.