АНДАР СИТОИШИ СУЛТОН МАҲМУД
Ҷаҳонофарин то ҷаҳон офарид,
Чу ӯ шаҳрёре наёмад падид.
Чу хуршед бар гоҳ бинмуд тоҷ,
Замин шуд ба кирдори тобанда оҷ.
Чӣ гӯӣ, ки хуршеди тобон кӣ буд,
К-аз ӯ дар ҷаҳон равшаноӣ фузуд?
Абулқосим он шоҳи пирӯзбахт
Ниҳод аз бари тоҷи хуршед тахт.
Зи Ховар биёрост то Бохтар,
Падид омад аз фарри ӯ кони зар.
Маро ахтари хуфта бедор гашт,
Ба мағз-андар андеша бисёр гашт.
Бидонистам, омад замони сухан,
Кунун нав шавад рӯзгори куҳан.
Бар андешаи шаҳрёри замин
Бихуфтам шабе лаб пур аз офарин.
Дили ман чу нур андар он тирашаб
Бихуфта кушодадилу басталаб.
Чунон дид равшан равонам ба хоб,
Ки рахшанда шамъе баромад зи об.
Ҳама рӯи гетӣ шаби лоҷвард
Аз он шамъ гаштӣ чу ёқути зард.
Дару дашт бар сони дебо шудӣ,
Яке тахти пирӯза пайдо шудӣ.
Нишаста бар ӯ шаҳрёре чу моҳ,
Яке тоҷ бар сар ба ҷои кулоҳ.
Рада баркашида сипоҳаш ду мил,
Ба дасти чапаш ҳафтсад жандапил.
Яке пок дастур пешаш ба пой,
Ба доду ба дин шоҳро раҳнамой.
Маро хира гаштӣ сар аз фарри шоҳ,
В-аз он жандапилону чандон сипоҳ.
Чу он чеҳраи хусравӣ дидаме,
Аз он номдорон бипурсидаме,
Ки «Ин чарху моҳ аст, ё тоҷгоҳ,
Ситораст пеш-андараш, ё сипоҳ?»
Яке гуфт: «Ин шоҳи Рум асту Ҳинд,
Зи Қаннуҷ то пеши дарёи Синд.