ДОСТОНИ ЗАҲҲОК БО КОВАИ ОҲАНГАР
Чунон буд, ки Заҳҳок худ рӯзу шаб
Ба ёди Фаридун кушодӣ ду лаб.
Бад-он бурзу боло зи бими нишеб
Дилаш з-Офаридун шуда пурниҳеб.
Чунон буд, ки як рӯз бар тахти оҷ
Ниҳода ба сар-бар зи пирӯза тоҷ.
Зи ҳар кишваре меҳтаронро бихост,
Ки дар подшоҳӣ кунад пушт рост.
Аз он пас чунин гуфт бо мӯбадон,
Ки «Эй пурҳунар, номвар бихрадон,
Маро дар ниҳонӣ яке душман аст,
Ки бар бихрадон ин сухан равшан аст.
Надорам ҳаме душмане хурду хор,
Битарсам ҳаме аз бади рӯзгор.
Ҳаме з-ин фузун боядам лашкарӣ,
Ҳам аз мардуму ҳам зи деву парӣ.
Яке лашкаре хоҳам ангехтан,
Або девмардум баромехтан.
Бибояд бар ин буд ҳамдостон,
Ки ман ношикебам бад-ин достон.
Яке маҳзар акнун бибояд набишт,
Ки ҷуз тухми некӣ сипаҳбад накишт.
Нагӯяд сухан ҷуз ҳама ростӣ,
Нахоҳад ба дод - андар он костӣ.»
Зи бими сипаҳбад ҳама ростон
Бад-он кор гаштанд ҳамдостон.
Дар он маҳзари аждаҳо ногузир
Гувоҳӣ набиштанд барнову пир.
Ҳамон гаҳ якояк зи даргоҳи шоҳ
Баромад хурӯшидани додхоҳ.
Ситамдидаро пеши ӯ хонданд,
Бари номдорон-ш биншонданд.
Бад-ӯ гуфт меҳтар ба рӯи дижам,
Ки «Баргӯй, то аз кӣ дидӣ ситам?»
Хурӯшиду зад даст бар сар зи шоҳ,
Ки «Шоҳо, манам Коваи додхоҳ!
Бидеҳ доди ман, омадастам давон,
Ҳаме нолам аз ту ба ранҷи равон.