Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ЗАҲҲОК Подшоҳии Заҳҳок ҳазор сол буд

Чу Заҳҳок бар тахт шуд шаҳрёр, Бар ӯ солиён анҷуман шуд ҳазор. Саросар замона бад-ӯ гашт боз, Баромад бар ин рӯзгори дароз. Ниҳон гашт оини фарзонагон, Пароканда шуд номи девонагон. Ҳунар хор шуд, ҷодуӣ арҷманд. Ниҳон ростӣ, ошкоро газанд. Шуда бар бадӣ дасти девон дароз, Зи некӣ набудӣ сухан ҷуз ба роз. Ду покиза аз хонаи Ҷаммшед Бурун овариданд ларзон чу бед, Ки Ҷамшедро ҳарду хоҳар буданд, Сари бонувонро чу афсар буданд. Зи пӯшидарӯён яке Шаҳрноз, Дигар моҳрӯе, ба ном Арнавоз. Ба айвони Заҳҳок бурдандашон, Бад-он аждаҳофаш супурдандашон. Бипарвардашон аз раҳи бадхуӣ. Биёмухташон тунбалу ҷодуӣ. Надонист худ ҷуз бад омӯхтан, Ҷуз аз куштану ғорату сӯхтан. Чунон буд, ки ҳар шаб ду марди ҷавон, Чи кеҳтар, чи аз тухмаи паҳлавон Хуришгар бибурдӣ ба айвони шоҳ В-аз ӯ сохтӣ роҳи дармони шоҳ. Бикуштиву мағзаш бурун охтӣ, Мар он аждаҳоро хуриш сохтӣ. Ду покиза аз кишвари подшо, Ду марди гаронмояи порсо, Яке номаш Армоили покдин, Дигар ном Кармоили пешбин. Чунон буд, ки буданд рӯзе ба ҳам, Сухан рафт ҳар гуна аз бешу кам. Зи бедодгар шоҳу аз лашкараш, В-аз он расмҳои бад андарх(в)араш. Яке гуфт: «Моро ба холигарӣ Бибояд бари шоҳ рафтоварӣ.