Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Тоқи абрӯи ту манзилгаҳи беморон аст,
Тоқи абрӯи ту манзилгаҳи беморон аст, Доми гесӯи ту маъвои гирифторон аст. Чашми ҷодуи ту шуд пешрави айёрон, Зулфи ҳиндуи ту сарҳалқаи тарророн аст.
Гул аст он, ки зи ҳуснаш ҷаҳон гулистон аст,
Гул аст он, ки зи ҳуснаш ҷаҳон гулистон аст, Аз ӯ ба ҳар чамане сад ҳазор дастон аст. Чу ғунча гар даҳани ӯ ба ханда пайдо шуд, Ҳанӯз зери лабаш хандаҳои пинҳон
Чун мастии он наргиси пурфитна мудом аст,
Чун мастии он наргиси пурфитна мудом аст, Гӯши ману бонги наю дасти ману ҷом аст. Гар ахтари мақсуд ба мо хуш набарояд, Моро рухи зебои ту, эй моҳ, тамом аст.
Ёр гар аз дида пинҳон аст, пайдо дар дил аст,
Ёр гар аз дида пинҳон аст, пайдо дар дил аст, Гар ба сурат мекунад дурӣ, ба маънӣ восил аст. Ман ба сар оям ба сӯйи ӯ чу об ошуфтавор, Гар наояд сарви мо, шояд
Дасти ман ҳамчу дилу дил чу даҳонат танг аст,
Дасти ман ҳамчу дилу дил чу даҳонат танг аст, Ашки ман бо маю май бо лаби ту ҳамранг аст. Ҳама то боди сабо зулфи ту доранд ба чанг, Ба ҷуз аз ман, ки маро боди
Мо чунин бедилу дилбар натавонем нишаст,
Мо чунин бедилу дилбар натавонем нишаст, Низ бе он маҳи анвар натавонем нишаст. Беҳ аз он нест, ки чун сабза ба пояш афтем, Гар бад-он сарви суманбар натавонем
Сунбули тозаи ту бар гули сероб хуш аст,
Сунбули тозаи ту бар гули сероб хуш аст, Наргиси масти ту дар гӯшаи меҳроб хуш аст. Ҳоҷати шамъи муанбар набувад пеши рухат, Муфлисонро ватан аз партави маҳтоб
Ту дар барию дидаи бадхоҳ бар дар аст,
Ту дар барию дидаи бадхоҳ бар дар аст, Бар дар чӣ боки душман, агар дӯст дар бар аст. Чашмат ба нӯки ғамза маро тирдӯз кард, Зулфи туро ҳанӯз чӣ ошӯб дар сар ас
Маштоб як дам, сорбон, к-аз гиря поям дар гил аст,
Маштоб як дам, сорбон, к-аз гиря поям дар гил аст, Раҳме, ки ин саргаштаро по дар гилу раҳ дар дил аст. Ман худ нахоҳам шуд зи ҷон ҳаргиз ба осонӣ ҷудо, Гар ҷон
Макун маломати дурдикашони бодапараст,
Макун маломати дурдикашони бодапараст, Ки ҷойи ақл набошад димоғи ошиқи маст. Ҳадиси ҳарзаи воиз куҷо ба гӯш орам, Маро, ки бехудам аз ҷуръаи шароби аласт!
Маро, ки нашъаи рӯҳ аз майи муғонаи туст,
Маро, ки нашъаи рӯҳ аз майи муғонаи туст, Димоғи ақл тар аз нағмаи таронаи туст. Наям чу уд, ки аз чанги ёр менолад, Хурӯши ман ҳама аз нолаи чағонаи туст.
Бо руху зулфи ту дилро рӯзи бозор имшаб аст,
Бо руху зулфи ту дилро рӯзи бозор имшаб аст, То дар ин савдо барояд, ҷони ширин бар лаб аст. Дар сари зулфи ту дилҳои парешон ҷамъ шуд, Ҳалқа-ҳалқа ҳар шабе фар
Туро шамоили мавзуну шеваи хуб аст,
Туро шамоили мавзуну шеваи хуб аст, Ки вазъу ҳайати матбӯъу шакли марғуб аст. Шиори шаъри сияҳ бар баёзи орази ту Чу оразест, к-з ӯ офтоб маҳҷуб аст.
Зулфат ба шӯру фитна агар қалби мо шикаст,
Зулфат ба шӯру фитна агар қалби мо шикаст, Умраш дароз бод, ки бишкасту бозбаст. Боди сабо зи фарқи ту бӯе ба Чин расонд, Шуд фарқ дар миёни мусулмону бутпараст
То қавси абруи ӯ дар офтоб пайваст,
То қавси абруи ӯ дар офтоб пайваст, Зулфи каҷаш зи абрӯй тарфе зи моҳ барбаст. Аз по даруфтодам, то дӯст даст гирад, Ёрӣ намекунад по, ёрам намедиҳад даст.
Нуқл аст лаби ту ё шароб аст,
Нуқл аст лаби ту ё шароб аст, Ё оташу дил аз ӯ кабоб аст?! Як қатра зи ҷоми туст дарё, Як зарра зи ҳуснат офтоб аст.
Дилбаро, гирди сарат ҷону ҷаҳон гардон аст,
Дилбаро, гирди сарат ҷону ҷаҳон гардон аст, Каъбаи васли ту мақсуди ҷаҳонгардон аст. Ҳар киро дарди муҳаббат нашавад домангир, Остин бар сараш афшон, ки зи нома
Биёр бода, ки ҳангоми шайду қаллошист,
Биёр бода, ки ҳангоми шайду қаллошист, Замони риндиву мастиву рақсу авбошист. Бунафша дар ҳарами бӯстон ба атторист, Насим бар варақи ёсуман ба наққошист.
Он хоки равшани ту, ки чун нури дидаст,
Он хоки равшани ту, ки чун нури дидаст, Холест, к-аз сиёҳии чашмам чакидааст. Равшан шудаст дида, ки дидаст рӯйи ту, Маст аст гӯши дил, ки паёмат шунидааст.
Омад баҳору мавкиби гулҳо расидааст.
Омад баҳору мавкиби гулҳо расидааст. Лола алам ба кӯҳу ба саҳро кашидааст. Булбул суруд гуфта, сарандоз гашта сарв, Ғунҷа зи шавқ ҷуббаи хазро даридааст.
Ҳамчу зулфат кори ман бо ту дароз афтодааст,
Ҳамчу зулфат кори ман бо ту дароз афтодааст, Сад раҳам афтода буд ин кор, боз афтодааст. Бандаи шӯридае дар банди шоҳе мондааст, Пашшаи саргаштае дар чанги боз
Гар дилам дар бар чу оташ беқарор афтодааст,
Гар дилам дар бар чу оташ беқарор афтодааст, Дурри дарёи саршикам обдор афтодааст. Сунбулат аз гулпарастӣ дар чаман печидааст, Наргисат аз хоби мастӣ дар хумор
Бо ҳавас бегона гардад, ҳар кӣ бо ишқ ошност,
Бо ҳавас бегона гардад, ҳар кӣ бо ишқ ошност, Ишқро раҳ дар диле бошад, ки холӣ аз ҳавост. Ошиқо, худро раҳо кун, ҷониби маъшуқ гир, Васли ёр он кас ҳамеёбад, к
Сарви болои туро оби равон аз чашми мост,
Сарви болои туро оби равон аз чашми мост, Гар нишонад рӯзгораш дар канори мо, равост. Ҷойи ту донам, ки доим дар дили реши ман аст, Лекин он мискини саргардон н
Ошиқ ба кӯйи ишқ надонам, ки чанд хост,
Ошиқ ба кӯйи ишқ надонам, ки чанд хост, Донам, ки ҳеч кас на чу ман мустаманд хост. Бар чархи ҳусн рӯйи ту моҳи тамом шуд, Дар боғи ишқ қадди ту сарви баланд хо

