Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Рафт он гуҳаре, ки буд пирояи умр
Рафт он гуҳаре, ки буд пирояи умр, В-овард замона тоқӣ сармояи умр. Аз мӯйи сапедам сари пистони умед, Бингар, ки сиёҳ мекунад дояи умр.
Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд
Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд, Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд. Дар маърифатат чу нек фикре кардам, Маълумам шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.
Куфри чу мане газофу осон набувад
Куфри чу мане газофу осон набувад, Муҳкамтар аз имони ман имон набувад. Дар даҳр чу ман якею он ҳам кофир, Пас, дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.
Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд
Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд, Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд. Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ, Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.
То бодаи ишқ дар қадаҳ рехтаанд
То бодаи ишқ дар қадаҳ рехтаанд, В-андар пайи ишқ ошиқ ангехтаанд. Бо ҷону равони Бӯалӣ меҳри Алӣ, Чун ширу шакар ба ҳам даромехтаанд.
Он ҷо, ки сухан зи боби маъқул омад
Он ҷо, ки сухан зи боби маъқул омад, Аз баҳри яке фоилу мафъул омад. Бе қудрати фоиле, чу як кор нашуд, Пас, фоили ҳар ду кавн маълул омад.
З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард
З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард, Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ х(в)ард. Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре, Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натвонӣ кард?!
Чун пир шудӣ, кори ҷавон натвон кард
Чун пир шудӣ, кори ҷавон натвон кард, Пирит ба кофур ниҳон натвон кард. Дар зулмати шаб ҳар он чи кардӣ, кардӣ, Дар равшании рӯз ҳамон натвон кард.
Зулфи ту чу афъӣ пайи шар мегардад
Зулфи ту чу афъӣ пайи шар мегардад, Донӣ паси пуштат зи чӣ бар мегардад? Чун дид, ки лаъли ту зумуррад дорад, Афъӣ шуду дар кӯҳу камар мегардад.
Он, к-аз лаби ӯ кони гуҳар киса ниҳод
Он, к-аз лаби ӯ кони гуҳар киса ниҳод, Қалб аст ҳар он нақд, ки дар киса ниҳод. Банди сари киса мехаридам, гуфто: — Ошиқ дидӣ, ки банд бар киса ниҳод?
Бигсаст фалак чу иқди дурдонаи субҳ
Бигсаст фалак чу иқди дурдонаи субҳ, Пурдурри хушоб кард паймонаи субҳ. Ӯ низ чу ман асиру шайдо гашта, К-эй ошиқи шомгоҳу девонаи субҳ.
Бингар зи ҷаҳон чӣ тарф барбастам
Бингар зи ҷаҳон чӣ тарф барбастам? – Ҳеҷ. В-аз ҳосили айём чӣ дар дастам? – Ҳеҷ. Шамъӣ тарабам гир, чу биншастам, ҳеҷ. Худ ҷоми Ҷамам гир, чу бишкастам, ҳеҷ.
Гар бода гаҳе хурам, нишони хомист
Гар бода гаҳе хурам, нишони хомист, В-ар з-он ки мудом май хурам, бадномист. Май шоҳу ҳакиму ринд бояд ки хурад, В-ин ҳар се наӣ, махӯр, ки душманкомист.
Он оташи оби тан, ки рӯҳи сонист
Он оташи оби тан, ки рӯҳи сонист, Хун аст, на хуне, чӣ сабаб зиндонист? Оре, ҳама солҳо бад-ӯ арзонист, То мояи ҷон чаро бад-ин арзонист.
Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт
Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт, Як мӯй надонист, вале мӯй шикофтафт. Андар дили ман ҳазор хуршед битофт, В-охир ба камоли заррае роҳ наёфт.
Соқӣ, қадаҳи мои маини ту куҷост?
Соқӣ, қадаҳи мои маини ту куҷост? В-он оинаи худойбини ту куҷост? Хоҳам, ки таҳорате диҳам ботинро, Он лӯлашикаста лӯлаини ту куҷост?
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст, Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст. Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт, Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.
Май душмани масту дӯст бо ҳушёр аст
Май душмани масту дӯст бо ҳушёр аст, Андак тарёку беш заҳри мор аст. Дар бисёраш мазаррати андак нест, Дар андаки ӯ манфиати бисёр аст.
Бигзар аз банди маҷозу дур гард аз доми ҳис
Бигзар аз банди маҷозу дур гард аз доми ҳис, Ҳар кӣ бо дунон нишинад, ҳиммати ӯ дун шавад. Чун бувад комил касе дар хиттаи кавну фасод, Ки надонад чун даромад,
Бар ҳар диёр, ки хашми ту корзор кунад
Бар ҳар диёр, ки хашми ту корзор кунад, Замона бар сари хунобаи ҷигар гардад. Магар, ки баҳр ба хоки дари ту наздик аст, Ки рӯзгор аз ӯ даст пургуҳар гардад.
Донӣ чӣ ҳикмат аст, ки фарзандро падар
Донӣ чӣ ҳикмат аст, ки фарзандро падар, Миннат надорад, ар диҳадаш рӯзу шаб ато. Яъне дар ин ҷаҳон, ки маҳалли ҳаводис аст, Дар меҳнати вуҷуд ту овардаӣ маро.
Панди ҳаким
Тандурустӣ гавҳари нодири умр аст, Ҳикмат чароғи ҳар дили пурнур аст. Ҷону тани инсон ба дониш зинда, Беилм ҷаҳон барои ӯ ранҷур аст.
Дил гар ба ҳақиқат расад
Дил гар ба ҳақиқат расад аз роҳи хирад, Равшантарад аз офтобу моҳи абад. Бо илм бувад насиби инсон камол, Бо ҷаҳл бимонад ба ҳазорон дард.
Аз қаъри гили сияҳ
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал, Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал. Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳаял, Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.