Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
На аз сари кори бохалал метарсам,
На аз сари кори бохалал метарсам, На низ зи тақсири амал метарсам. Тарсам зи гуноҳ нест, омурзиш ҳаст, Аз собиқаи рӯзи азал мерасам.
Ҷаҳде бикунам, ки дил зи ҷон баргирам,
Ҷаҳде бикунам, ки дил зи ҷон баргирам, Роҳи сари кӯи дилситон баргирам. Чун парда миёни ману дилдор манам, Бархезаму худро зи миён баргирам.
Озурдатарам, гарчи камозортарам,
Озурдатарам, гарчи камозортарам, Бисёртарам, гарчи вафодортарам. Бо ҳар кӣ вафову сабр ман кардам беш, Субҳоналлаҳ, ба чашми ӯ хортарам.
Аз хоки дарат рахти иқомат набарам,
Аз хоки дарат рахти иқомат набарам, Дузд аст ғамат, ҷон ба саломат набарам. Бардор ниқоб аз руху бинмой ҷамол, То ҳасрати он рух ба қиёмат набарам.
Аз ҳаҷри ту, эй нигор, андар норам,
Аз ҳаҷри ту, эй нигор, андар норам, Месӯзам аз ин дарду дам андар н-орам. То даст ба гардани ту андар н-орам, Оғушт ба хун чу дона андар норам.
Ё раб, чу ба ваҳдатат яқин медорам,
Ё раб, чу ба ваҳдатат яқин медорам, Имон ба ту оламофарин медорам. Дорам лаби хушку дидаи тар, бипазир, К-аз хушку тари ҷаҳон ҳамин медорам.
Гар дасти тазаррӯъ ба дуо бардорам,
Гар дасти тазаррӯъ ба дуо бардорам, Беху буни кӯҳҳо зи ҷо бардорам. Лекин зи тафаззулоти маъбуди аҳад «Фасбир сабран ҷамил»-ро бардорам.
Гар дар сафарам, туӣ рафиқи сафарам,
Гар дар сафарам, туӣ рафиқи сафарам, В-ар дар ҳазарам, туӣ аниси ҳазарам. Алқисса ба ҳар куҷо, ки бошад гузарам, Ҷуз ту набувад ҳеч касе дар назарам.
Дишаб, ки ба кӯи ёр мегардидам,
Дишаб, ки ба кӯи ёр мегардидам, Донӣ, ки паи чӣ кор мегардидам? Қурбони хилофи ваъдааш мегаштам, Гирди сари интизор мегардидам.
Рӯзе зи паи гулоб мегардидам,
Рӯзе зи паи гулоб мегардидам, Пажмурда изори гул дар оташ дидам. Гуфтам, ки: Чӣ кардаӣ, ки месӯзандат? Гуфто, ки: Дар ин боғ даме хандидам.
Дар хоб ҷамоли ёри худ медидам,
Дар хоб ҷамоли ёри худ медидам, В-аз боғи висоли ӯ гуле мечидам. Мурғи саҳарӣ зи хоб бедорам кард, Эй кош, ки бедор намегардидам.
З-омезиши ҷону тан туӣ мақсудам,
З-омезиши ҷону тан туӣ мақсудам, В-аз мурдану зистан туӣ мақсудам. Ту дер бизӣ, ки ман бирафтам зи миён, Гар «ман» гӯям, зи «ман» туӣ мақсудам.
Якчанд давидаму қадам фарсудам,
Якчанд давидаму қадам фарсудам, Охир бе ту падид н-омад судам. То даст ба байъати вафоят судам, Дар хона нишастаму фурӯ осудам.
Дар васли ту пайваста ба гулшан будам,
Дар васли ту пайваста ба гулшан будам, Дар ҳаҷри ту бо нолаву шеван будам. Гуфтам ба дуо, ки чашми бад дур зи ту, Эй дӯст, магар чашми бадат ман будам?
Дар кӯи ту ман сӯхтадоман будам,
Дар кӯи ту ман сӯхтадоман будам, В-аз оташи ғам сӯхтахирман будам. Оре, ҷоно, дӯш ба бомат будам, Гуфтӣ: Дузд аст. Дузд набуд, ман будам.
Ҳаргиз набувад шикасти кас мақсудам,
Ҳаргиз набувад шикасти кас мақсудам, Озурда нашуд зи ман диле, то будам. Сад шукр, ки чашми айббинам кӯр аст, Шодам, ки ҳасуд нестам, маҳсудам.
Ман аз ту ҷудо набудаам, то будам,
Ман аз ту ҷудо набудаам, то будам, Ин аст далели толиъи масъудам. Дар зоти ту нопадидам ар, маъзурам, В-аз нури ту зоҳирам агар, мавҷудам.
Умре ба ҳавас боди ҳаво паймудам,
Умре ба ҳавас боди ҳаво паймудам, Дар ҳар коре хуни ҷигар полудам. Дар ҳар чӣ задам даст, зи ғам фарсудам, Даст аз ҳама боздоштам, осудам.
Он дам, ки ҳадиси ошиқӣ бишнудам,
Он дам, ки ҳадиси ошиқӣ бишнудам, Ҷону дилу дидаро ба ғам фарсудам. Мепиндоштам, ошиқу маъшуқ дуянд, Чун ҳар ду якест, ман худ аҳвал будам.
Онон, ки ба номи нек мехонандам,
Онон, ки ба номи нек мехонандам, Аҳволи даруни бад намедонадам. Гар з-онки дарун-бурун бигардонандам, Муставҷиби онам, ки бисӯзонандам.
Андар талаби ёр чу мардона шудам,
Андар талаби ёр чу мардона шудам, Аввалқадам аз вуҷуд бегона шудам. Ӯ илм намешунид, лаб бар бастам, Ӯ ақл намехарид, девона шудам.
Гар хок туӣ, хоки туро хок шудам,
Гар хок туӣ, хоки туро хок шудам, Чун хоки туро хок шудам, пок шудам. Ғам сӯи ту ҳаргиз гузаре менакунад, Охир чӣ ғамат, аз он ки ғамнок шудам?!
Андӯҳи ту аз дили ҳазин медуздам,
Андӯҳи ту аз дили ҳазин медуздам, Номат зи забони ону ин медуздам. Меноламу қуфл бар даҳон мефиганам, Мегиряму хун дар остин медуздам.
Удам чу набуд, чӯби бед овардам,
Удам чу набуд, чӯби бед овардам, Рӯи сияҳу мӯи сапед овардам. Чун худ гуфтӣ, ки ноумедӣ куфр аст, Фармони ту бурдаму умед овардам.
Ҳарчанд ба сурат аз ту дур афтодам,
Ҳарчанд ба сурат аз ту дур афтодам, Зинҳор мабар зан, ки шудӣ аз ёдам. Дар кӯи вафои ту агар хок шавам, З-он ҷо натавонад, ки рабояд бодам.