Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Афсӯс, ки айёми ҷавонӣ бигузашт,
Афсӯс, ки айёми ҷавонӣ бигузашт, Даврони нишоту комронӣ бигузашт. Ташна ба канори ҷӯй чандон хуфтам, К-аз ҷӯи ман оби зиндагонӣ бигузашт.
Аз аҳли замона ор мебояд дошт,
Аз аҳли замона ор мебояд дошт, В-аз сӯҳбаташон канор мебояд дошт. Аз пеши касе кори касе накшояд, Уммед ба кирдгор мебояд дошт.
Симобӣ шуд ҳавову зангорӣ дашт,
Симобӣ шуд ҳавову зангорӣ дашт, Эй дӯст, биёву бигзар, аз ҳар чӣ гузашт. Гар майли вафо дорӣ, инак дилу ҷон, В-ар рои ҷафо дорӣ, инак сару ташт.
Эй дида, назар кун, агарат биноист,
Эй дида, назар кун, агарат биноист, Дар кори ҷаҳон, ки сар ба сар савдоест. Дар гӯшаи хилвату қаноат бинишин, Танҳо хӯ кун, ки оқибат танҳоист.
Габрест дар ин раҳам, ки пинҳонӣ нест,
Габрест дар ин раҳам, ки пинҳонӣ нест, Бардоштани сарам ба осонӣ нест. Имон-ш ҳазор дафъа талқин кардам, Ин кофирро сари мусулмонӣ нест.
Сар то сари Дашти Ховар санге нест,
Сар то сари Дашти Ховар санге нест, К-аз хуни дилу дида бар он ранге нест. Дар ҳеч диёру ҳеч фарсанге нест, К-аз дасти ғамат нишаста дилтанге нест.
Ҷоно, ба замини Ховарон хоре нест,
Ҷоно, ба замини Ховарон хоре нест, К-аш бо ману рӯзгори ман коре нест. Бо лутфу навозиши ҷамоли ту маро Дар додани сад ҳазор ҷон оре нест.
Аз дард нишон мадеҳ, ки дар ҷони ту нест,
Аз дард нишон мадеҳ, ки дар ҷони ту нест, Бигзар зи вилояте, ки он з-они ту нест. Аз бехирадӣ бувад, ки бо ҷавҳариён Лоф аз гуҳаре занӣ, ки дар кони ту нест.
Ҳаргиз аламе чу фурқати ҷонон нест,
Ҳаргиз аламе чу фурқати ҷонон нест, Дарде батар аз воқиаи ҳиҷрон нест. Гар тарки видоъ кардаам, маъзурам, Ту ҷони манӣ, видоъи ҷон осон нест.
Гуфтори накӯ дораму кирдорам нест,
Гуфтори накӯ дораму кирдорам нест, Аз гуфти накӯи беамал орам нест. Душвор бувад кардану гуфтан осон, Осон бисёру ҳеч душворам нест.
Афсӯс, ки кас бохабар аз дардам нест,
Афсӯс, ки кас бохабар аз дардам нест, Огоҳ зи ҳоли чеҳраи зардам нест. Эй дӯст, барои дӯстиҳо, ки марост, Дарёб, ки то дарнигарӣ, гардам нест.
Дар кишвари ишқ ҷои осоиш нест,
Дар кишвари ишқ ҷои осоиш нест, Он ҷо ҳама коҳиш аст, афзоиш нест. Бе дарду алам таваққуъи дармон нест, Бе ҷурму гунаҳ умеди бахшоиш нест.
Дар сина касе, ки рози пинҳонаш нест,
Дар сина касе, ки рози пинҳонаш нест, Чун зинда намояд ӯ, вале ҷонаш нест. Рав, дард талаб, ки иллатат бедардист, Дардест, ки ҳеч гуна дармонаш нест.
Дардо, ки дар ин сӯзу гудозам кас нест,
Дардо, ки дар ин сӯзу гудозам кас нест, Ҳамроҳ дар ин роҳи дарозам кас нест. Дар қаъри дилам ҷавоҳири роз басест, Аммо чӣ кунам, маҳрами розам кас нест.
Доим на ливои ишрат афроштанист,
Доим на ливои ишрат афроштанист, Пайваста на тухми хуррамӣ коштанист. Ин доштаниҳо ҳама бигзоштанист, Ҷуз равшании рӯ, ки нигаҳдоштанист.
Чун ҳосили умри ту фиребею дамест,
Чун ҳосили умри ту фиребею дамест, З-ӯ дод макун, гарат ба ҳар дам ситамест. Мағрур машав ба худ, ки асли ману ту Гардею шарорею насимею дамест.
Мо ошиқу аҳди ҷони мо муштоқист,
Мо ошиқу аҳди ҷони мо муштоқист, Моем ба дарди ишқ, то ҷон боқист. Ғам нуқлу надим дарду мутриб нола, Май хуни ҷигар, мардуми чашмам соқист.
Дар баҳри яқин, ки дурри таҳқиқ басест,
Дар баҳри яқин, ки дурри таҳқиқ басест, Гирдоб дар ӯ чу дому киштӣ нафасест. Ҳар гӯши садаф ҳалқаи чашмест пуроб, Ҳар мавҷ ишорае зи абрӯи касест.
Андар ҳама Дашти Ховарон гар хорест,
Андар ҳама Дашти Ховарон гар хорест, Оғушта ба хуни ошиқи афгорест. Ҳар ҷо, ки парирухею гулрухсорест, Моро ҳама дархур аст, мушкил корест.
Эй дил, ҳама хун шавӣ, шикебоӣ чист?
Эй дил, ҳама хун шавӣ, шикебоӣ чист? В-эй ҷон, бадар о, ин ҳама раъноӣ чист? Эй дида, чи мардумист, шармат бодо, Нодида ба ҳоли дӯст, биноӣ чист?
Мегуфтам ёру менадонистам кист,
Мегуфтам ёру менадонистам кист, Мегуфтам ишқу менадонистам чист. Гар ёр ин аст, чун тавон бе ӯ буд, В-ар ишқ ин аст, чун тавон бе ӯ зист?
Он рӯз, ки чашми ту ба ман дарнигарист,
Он рӯз, ки чашми ту ба ман дарнигарист, Халқе ба ҳазор дида бар ман бигирист. Ҳар рӯз ҳазор бор дар ишқи туам Мебояд мурду боз мебояд зист.
Ҷисмам ҳама ашк гашту чашмам бигирист,
Ҷисмам ҳама ашк гашту чашмам бигирист, Дар ишқи ту бе ҷисм ҳамебояд зист. Дар ман асаре намонд, ин ишқ зи чист? Чун ман ҳама маъшуқ шудам, ошиқ кист?
Пурсид зи ман касе, ки маъшуқи ту кист?
Пурсид зи ман касе, ки маъшуқи ту кист? Гуфтам, ки фалон кас аст, мақсуди ту чист? Биншасту ба ҳой-ҳой бар ман бигирист, К-аз дасти чунон касе ту чун хоҳӣ зист?
То дарнарасад ваъдаи ҳар кор, ки ҳаст,
То дарнарасад ваъдаи ҳар кор, ки ҳаст, Суде надиҳад ёрии ҳар ёр, ки ҳаст. То заҳмати сармои зимистон накашад, Пургул нашавад домани ҳар хор, ки ҳаст.