Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дилхаставу синачок мебояд шуд,
Дилхаставу синачок мебояд шуд, В-аз ҳастии хеш пок мебояд шуд. Он беҳ, ки ба худ пок шавем аввали кор, Чун охири кор хок мебояд шуд.
Хоҳӣ, ки туро давлати аброр расад,
Хоҳӣ, ки туро давлати аброр расад, Мапсанд, ки аз ту бар кас озор расад. Аз марг маяндешу ғами ризқ махӯр, К-ин ҳар ду ба вақти хеш ночор расад.
Ҳуро ба назораи нигорам саф зад,
Ҳуро ба назораи нигорам саф зад, Ризвон ба аҷаб бимонду каф бар каф зад. Он холи сияҳ бар он рухи мутраф зад, Абдол зи бим чанг дар мусҳаф зад.
Ошиқ чу шавӣ, теғ ба сар бояд хӯрд,
Ошиқ чу шавӣ, теғ ба сар бояд хӯрд, Заҳре ки расад, ҳамчу шакар бояд хӯрд. Ҳарчанд туро бар ҷигар обе набувад, Дарё-дарё хуни ҷигар бояд хӯрд.
Гул аз ту чароғи ҳусн дар гулшан бурд,
Гул аз ту чароғи ҳусн дар гулшан бурд, В-аз рӯи ту оина дили равшан бурд. Ҳар хона, ки шамъи рухат афрӯхт дар ӯ, Хуршед чу зарра нур аз равзан бурд.
Дил вақти самоъ бӯи дилдор барад,
Дил вақти самоъ бӯи дилдор барад, Моро ба саропардаи асрор барад. Ин замзамаи маркаб мар рӯҳи турост, Бардораду хуш ба олами ёр барад.
Толеъ сари офиятфурӯшӣ дорад,
Толеъ сари офиятфурӯшӣ дорад, Ҳиммат ҳаваси палоспӯшӣ дорад. Ҷое, ки ба як суол бахшанд ду кавн, Истиғнояш сари хамӯшӣ дорад.
Аз чеҳраи ошиқонаам зар борад,
Аз чеҳраи ошиқонаам зар борад, В-аз чашми тарам ҳамеша озар борад. Дар оташи ишқи ту чунон биншинам, К-аз абри муҳаббатам самандар борад.
Фардо, ки ба маҳшар ба ҳам ояд зану мард,
Фардо, ки ба маҳшар ба ҳам ояд зану мард, В-аз бими ҳисоб рӯйҳо гардад зард. Ман ҳусни туро ба каф ниҳам, пеш равам, Гӯям, ки ҳисоби ман аз ин бояд кард.
Бе шак алиф аст Аҳад, аз ӯ ҷӯй мадад,
Бе шак алиф аст Аҳад, аз ӯ ҷӯй мадад, В-аз шахси Аҳад ба зоҳир омад Аҳмад. Дар арз Муҳаммад шуду маҳмуд омад Аз қолаллоҳ қул ҳуваллоҳу аҳад.
Ҳар сурати дилкаш, ки туро рӯй намуд,
Ҳар сурати дилкаш, ки туро рӯй намуд, Хоҳад фалакаш зуд зи чашми ту рабуд. Рав, дил ба касе деҳ, ки дар атвори вуҷуд Будаст ҳамешаву дигар хоҳад буд.
Гар дард кунад пои ту, эй ҳурнажод,
Гар дард кунад пои ту, эй ҳурнажод, Аз дард бидон, ки ҳаргизат дард мабод. Он дарди ман аст, бар манаш раҳм ояд, Аз баҳри шафоатам ба пои ту фитод.
Рухсораат, эй тозагули гулшани рӯҳ,
Рухсораат, эй тозагули гулшани рӯҳ, Нозук бувад он қадр, ки ҳар шому сабӯҳ Наздик ба дида гар хаёлаш гузарад, Аз сояи хори дида гардад маҷрӯҳ.
Гуфтам: Чашмат. Гуфт, ки бар маст мапеч,
Гуфтам: Чашмат. Гуфт, ки бар маст мапеч, Гуфтам:-Даҳанат.Гуфт:- Манеҳ дил бар ҳеч. Гуфтам:-Зулфат. Гуфт:-Пароканда магӯй, Боз овардӣ ҳикояте печопеч.
Эй дар ту аёнҳову ниҳонҳо ҳама ҳеч,
Эй дар ту аёнҳову ниҳонҳо ҳама ҳеч, Пиндору яқинҳову гумонҳо ҳама ҳеч. Аз зоти ту мутлақо нишон натвон дод, К-он ҷо ки туӣ, бувад нишонҳо ҳама ҳеч.
Эй қиблаи ҳар кӣ, муқбил, омад кӯят,
Эй қиблаи ҳар кӣ, муқбил, омад кӯят, Рӯи дили муқбилони олам сӯят. Имрӯз касе аз ту бигардонад рӯй, Фардо ба кадом рӯ бибинад рӯят?
Дӣ зулфи абирбези анбарсоят
Дӣ зулфи абирбези анбарсоят Аз тарфи буногӯши сумансимоят Дар пои ту афтоду ба зорӣ мегуфт: Сар то поям фидои сар то поят.
Сад шукр, ки гулшани сафо гашт танат,
Сад шукр, ки гулшани сафо гашт танат, Сиҳҳат гули ишқ рехт дар пираҳанат. Табро ба ғалат дар танат афтод гузор, Он таб арақе шуду чакид аз баданат.
Ёр омаду гуфт: Хаста медор дилат,
Ёр омаду гуфт: Хаста медор дилат, Доим ба умед баста медор дилат. Моро ба шикастагон назарҳо бошад, Моро хоҳӣ, шикаста медор дилат.
Он дил, ки ту дидаӣ, зи ғам хун шуду рафт,
Он дил, ки ту дидаӣ, зи ғам хун шуду рафт, В-аз дидаи хунгирифта берун шуду рафт. Рӯзе ба ҳавои ишқ сайре мекард, Лайлисифате бидуду Маҷнун шуду рафт.
Онӣ, ки зи ҷонам орзуи ту нарафт,
Онӣ, ки зи ҷонам орзуи ту нарафт, Аз дил ҳаваси рӯи накӯи ту нарафт. Аз кӯи ту ҳар кӣ рафт, дилро бигузошт, Кас бо дили хештан зи кӯи ту нарафт.
Аз боди сабо дилам чу бӯи ту гирифт,
Аз боди сабо дилам чу бӯи ту гирифт, Бигзошт марову ҷустуҷӯи ту гирифт. Акнун зи манаш ҳеч намеояд ёд, Бӯи ту гирифта буд, хӯи ту гирифт.
Осон-осон зи худ амон натвон ёфт,
Осон-осон зи худ амон натвон ёфт, В-ин шарбати шавқ ройгон натвон ёфт. З-он май, ки азизи ҷони муштоқон аст, Як ҷуръа ба сад ҳазор ҷон натвон ёфт.
Сирри сухани дӯст намеёрам гуфт,
Сирри сухани дӯст намеёрам гуфт, Дуррест гаронбаҳо, намеёрам суфт. Тарсам, ки ба хоб-дар бигӯям ба касе, Шабҳост, к-аз ин бим намеёрам хуфт.
Рӯзам ба ғами ҷаҳони фарсуда гузашт,
Рӯзам ба ғами ҷаҳони фарсуда гузашт, Шаб дар ҳаваси будаву нобуда гузашт. Умре, ки аз ӯ даме ҷаҳоне арзад, Алқисса, ба фикрҳои беҳуда гузашт.