Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Шаб хез, ки ошиқон ба шаб роз кунанд,
Шаб хез, ки ошиқон ба шаб роз кунанд, Гирди дару боми дӯст парвоз кунанд. Ҳар ҷо, ки даре бувад, ба шаб барбанданд, Илло дари ошиқон, ки шаб боз кунанд.
Гаҳ зоҳиди тасбеҳбадастам хонанд,
Гаҳ зоҳиди тасбеҳбадастам хонанд, Гаҳ ринду хароботию мастам хонанд. Эй вой ба рӯзгори мастурии ман, Гар з-он ки маро чунонки ҳастам, хонанд.
Гар адл кунӣ, бирри ҷаҳонат хонанд,
Гар адл кунӣ, бирри ҷаҳонат хонанд, Гар зулм кунӣ, саги авонат хонанд. Чашми хирадат боз куну нек бибин, То з-ин ду кадом беҳ, ки онат хонанд.
Дил гар раҳи ишқи ӯ напӯяд, чӣ кунад,
Дил гар раҳи ишқи ӯ напӯяд, чӣ кунад, Ҷон давлати васли ӯ наҷӯяд, чӣ кунад? Он лаҳза, ки бар оина тобад хуршед, Оина «Анашшамс» нагӯяд, чӣ кунад?
Дар чанги ғами ту дил суруде накунад,
Дар чанги ғами ту дил суруде накунад, Пеши ту фиғону нола суде накунад. Нолем ба нолае, ки огаҳ нашавӣ, Сӯзем ба оташе, ки дуде накунад.
Не дида бувад, ки ҷустуҷӯяш накунад.
Не дида бувад, ки ҷустуҷӯяш накунад. Не кому забон, ки гуфтугӯяш накунад. Ҳар дил, ки дар ӯ бӯи вафое набувад, Гар пеши саг афкананд, бӯе накунад.
Бо шеру паланг ҳар кӣ омез кунад,
Бо шеру паланг ҳар кӣ омез кунад, Аз тири дуои фақр парҳез кунад. Оҳи дили дарвеш ба сӯҳон монад, Гар худ набурад, бурандаро тез кунад.
Наққош агар зи мӯй паргор кунад,
Наққош агар зи мӯй паргор кунад, Нақши даҳани танги ту душвор кунад. Он тангию нозукӣ, ки дорад даҳанат, Тарсам, ки нафас лаби ту афгор кунад.
Ошиқ ҳама дам фикри ғами дӯст кунад,
Ошиқ ҳама дам фикри ғами дӯст кунад, Маъшуқ карашмае ки некӯст, кунад. Мо ҷурму гунаҳ кунему ӯ лутфу карам, Ҳар кас чизе ки лоиқи ӯст, кунад.
Хубон ҳама сайди субҳхезон бошанд,
Хубон ҳама сайди субҳхезон бошанд, Дар банди дуои ашкрезон бошанд. То ту саги нафсро ба фармон бошӣ, Оҳучашмон зи ту гурезон бошанд.
Он кас, ки ба кӯи зулм хиргоҳ занад,
Он кас, ки ба кӯи зулм хиргоҳ занад, Худро ба дами оҳи саҳаргоҳ занад. Эй роҳзан, аз даври мукофот битарс, Роҳе, ки занӣ, туро ҳамон роҳ занад.
Мардони Худо зи хокдони дигаранд,
Мардони Худо зи хокдони дигаранд, Мурғони ҳаво зи ошёни дигаранд, Мангар ту аз ин чашм бад-эшон, к-эшон Фориғ зи ду кавну дар макони дигаранд.
Қавме зи хаёл дар ғурур афтоданд,
Қавме зи хаёл дар ғурур афтоданд, В-андар талаби ҳуру қусур афтоданд, Қавме муташаккиканду қавме ба яқин Аз кӯи ту дури дури дур афтоданд.
Он рӯз, ки нақши кӯҳу ҳамун бастанд,
Он рӯз, ки нақши кӯҳу ҳамун бастанд, Таркиби сиҳиқадони мавзун бастанд. Побаста ба занҷири ҷунун ман будам, Мардум сухане ба пои Маҷнун бастанд.
З-он пеш, ки тоқи чархи аъло задаанд,
З-он пеш, ки тоқи чархи аъло задаанд, В-ин боргаҳи сипеҳри мино задаанд, Мо дар адамободи азал хуш хуфта, Бе мо рақами ишқи ту бар мо задаанд.
Онҳо, ки зи маъбуд хабар ёфтаанд,
Онҳо, ки зи маъбуд хабар ёфтаанд, Аз ҷумлаи коинот сар ёфтаанд. Дарюза ҳамекунанд мардон зи назар, Мардон ҳама аз қурби назар ёфтаанд.
Чарху маҳу меҳр дар таманнои туанд,
Чарху маҳу меҳр дар таманнои туанд, Ҷону дилу дида дар тамошои туанд. Арвоҳи муқаддасони улвӣ шабу рӯз Абҷадхонони лавҳи савдои туанд.
Ин умр ба абри навбаҳорон монад,
Ин умр ба абри навбаҳорон монад, Ин дида ба сели кӯҳсорон монад. Эй дӯст, чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан Ангуштгазидане ба ёрон монад.
Аз дафтари ишқ ҳар кӣ фарде дорад,
Аз дафтари ишқ ҳар кӣ фарде дорад, Ашки гулгун, чеҳраи зарде дорад. Бар гирди саре равад, ки шӯрест дар ӯ, Қурбони диле шавад, ки дарде дорад.
Асрори вуҷуд хому нопухта бимонд,
Асрори вуҷуд хому нопухта бимонд, В-он гавҳари бас шариф носуфта бимонд. Ҳар кас ба далели ақл чизе гуфтанд, Он нукта, ки асл буд, ногуфта бимонд.
Кай ҳоли фитода ҳарзагарде донад,
Кай ҳоли фитода ҳарзагарде донад, Бедард куҷо лаззати дарде донад. Номард ба чизе нахарад мардонро, Марде бояд, ки қадри марде донад.
Сӯфӣ ба самоъ даст аз он афшонад,
Сӯфӣ ба самоъ даст аз он афшонад, То оташи дил ба ҳилате биншонад. Оқил донад, ки доя гаҳвораи тифл Аз баҳри сукуни тифл меҷунбонад.
Аз лутфи ту ҳеч банда навмед нашуд,
Аз лутфи ту ҳеч банда навмед нашуд, Мақбули ту ҷуз муқбили ҷовид нашуд. Меҳрат ба кадом зарра пайваст даме, К-он зарра беҳ аз ҳазор хуршед нашуд.
То валвалаи ишқи ту дар гӯшам шуд,
То валвалаи ишқи ту дар гӯшам шуд, Ақлу хираду ҳуш фаромӯшам шуд. То як варақ аз ишқи ту аз бар кардам, Сесад варақ аз илм фаромӯшам шуд.
Аз шабнами ишқ хоки одам гил шуд,
Аз шабнами ишқ хоки одам гил шуд, Сад фитнаву шӯр дар ҷаҳон ҳосил шуд. Сад ништари ишқ бар раги рӯҳ заданд, Як қатра аз он чакиду номаш дил шуд.