Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: рубоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Ҷон қиссаи он моҳи сухангӯ гӯяд,

👁 7

Ҷон қиссаи он моҳи сухангӯ гӯяд, Дил коми равон з–он лаби дилҷӯ ҷӯяд. Гар акси рухаш бар чаман афтад рӯзе, Аз хок ҳама лолаи худрӯ рӯяд.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Он хур, ки аз ӯ қуввати рӯҳ афзояд,

👁 6

Он хур, ки аз ӯ қуввати рӯҳ афзояд, Яъне майи гулгун, ки футӯҳ афзояд. Ман бандаи он, ки дар шабонгоҳ хӯрад, Ман чокари он, ки дар сабӯҳ афзояд.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ман тарки шароби ноб натвонам кард,

👁 6

Ман тарки шароби ноб натвонам кард, Хумхонаи худ хароб натвонам кард. Як рӯз агар бодаи софӣ нахӯрам, Даҳ шаб зи хумор хоб натвонам кард.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дарвеш, ки май хӯрад, ба мирӣ бирасад,

👁 9

Дарвеш, ки май хӯрад, ба мирӣ бирасад, В-ар рӯбаҳаке хӯрад, ба шерӣ бирасад. Гар пир хӯрад, ҷавонӣ аз сар гирад В-ар з-он ки ҷавон хӯрад, ба пирӣ бирасад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Он зулф, ки бар гӯшаи ғултоқ ниҳод,

👁 4

Он зулф, ки бар гӯшаи ғултоқ ниҳод, Сад доғи ҷафо бар дили ушшоқ ниҳод. Бар чеҳраи ӯ чу тоқи абрӯяш дид, Маҳ хубии рӯйи хеш бар тоқ ниҳод.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Фикре, ки бар он табъи равон мегузарад,

👁 10

Фикре, ки бар он табъи равон мегузарад, Шарҳаш зи маонию баён мегузарад. Шеъри ту чаро нозуку ширин набувад, Охир, на бад-он лабу даҳон мегузарад?!

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Эй шуълае аз партави рӯят - хуршед,

👁 8

Эй шуълае аз партави рӯят - хуршед, Рӯям зи ғамат зард шуду мӯй сафед. Аз васли ту ҳар кӣ буд дар ҷумла ҷаҳон, Бардошт насибеву мани хаста - умед.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

То ёр бирафт, сабр аз ман бирамид

👁 7

То ёр бирафт, сабр аз ман бирамид В-аз ҳар мижаам ҳазор хуноба чакид. Гӯӣ, натавонам, ки бибинам бозаш, То кӯр шавад, ҳар он кӣ натвонад дид.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ҳарчанд биҳишт сад каромат дорад,

👁 5

Ҳарчанд биҳишт сад каромат дорад, Мурғу маю ҳури сарвқомат дорад, Соқӣ, бидеҳ ин бодаи гулранг ба нақд, К-он насяи ӯ сар ба қиёмат дорад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ин шамъ, ки шаб дар анҷуман механдад,

👁 3

Ин шамъ, ки шаб дар анҷуман механдад, Монад ба гуле, ки дар чаман механдад. Ҳар шаб, ки ба болини ман ояд, то рӯз Месӯзаду бар гиряи ман механдад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Гул, к-аз рухи ӯ хиҷил фурӯ мемонад,

👁 9

Гул, к-аз рухи ӯ хиҷил фурӯ мемонад, Чизеш бад-он ғолиябӯ мемонад. Моҳи шаби чордаҳ чу бармеояд, Ӯ нест, вале нек бад-ӯ мемонад.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ҳарчанд ки дарди дили ҳар хаста басест

👁 5

Ҳарчанд ки дарди дили ҳар хаста басест В–аз дасти фалак риштаи бигсаста басест. Зинҳор ба кори баста дил танг мадор, Дар номаи ғайб рози сарбаста басест.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Имшаб ману чангиею маъшуқаи чуст

👁 7

Имшаб ману чангиею маъшуқаи чуст Будем ба айшу аҳд кардем дуруст. Соқӣ зи булӯри ноб бар рӯйи замин Мекишт ақиқу луълуи тар меруст.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дунё на мақоми мост, на ҷойи нишаст,

👁 5

Дунё на мақоми мост, на ҷойи нишаст, Фарзона дар ӯ хароб авлотару маст. Бар оташи ғам зи бода обе мезан, З–он пеш, ки дар хок равӣ бод ба даст.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Даврони бақо бе маю соқӣ ҳашв аст.

👁 6

Даврони бақо бе маю соқӣ ҳашв аст. Бе замзамаи нони ироқӣ ҳашв аст. Чандон ки фазолики ҷаҳон менигарам, Бо раз ҳама ишрат асту боқӣ ҳашв аст.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

То меҳри туам дар дили шӯрида нишаст

👁 5

То меҳри туам дар дили шӯрида нишаст В-афтод маро чашм бад-он наргиси маст. Ин ғам зи дилам намениҳад пой бурун В-ин ашк зи доманам намедорад даст.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Ҳар кас, ки сари зулфи ту овард ба даст,

👁 4

Ҳар кас, ки сари зулфи ту овард ба даст, Аз ғолия фориғ шуду аз мушк бираст. Оқил накунад нисбати зулфат бо мушк, Донад, ки миёни ину он фарқе ҳаст.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Мекӯш, ки то з-аҳли назар хонандат,

👁 12

Мекӯш, ки то з-аҳли назар хонандат, В-аз олами роз бохабар хонандат. Гар хайр кунӣ, фаришта гӯянд туро, В-ар майл ба шар кунӣ, башар хонандат.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Эй дар сари ҳар кас аз ту савдои дигар,

👁 7

Эй дар сари ҳар кас аз ту савдои дигар, Дар роҳи ту ҳар тоифаро рои дигар. Чизе зи ту гар касе таманно дорад, Мо ҷуз ту надорем таманнои дигар.

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

То дар ғами ин тоқи дурангӣ бошӣ

👁 10

То дар ғами ин тоқи дурангӣ бошӣ, Он беҳ, ки ҳарифи маю чангӣ бошӣ. В-аз умри азизи худ мурассаъ хоҳӣ, Бояд,ки ҳамеша масту бангӣ бошӣ!

Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Саҳифаи 2 аз 2