Шеърҳо бо теги: Шоҳнома
Шеърҳои марбут ба теги «Шоҳнома» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
161. ПУРСИДАНИ СӮҲРОБ НОМИ САРДОРОНИ ЭРОН АЗ ҲАҶИР
Чу хуршед бардошт зарринсипар, Замона баровард аз чарх сар. Бипӯшид Сӯҳроб хафтони ҷанг, Нишаст аз бари ҷармаи нилранг.
160. КУШТАНИ РУСТАМ ЖАНДАРАЗМРО
Чу хуршед гашт аз ҷаҳон нопадид, Шаби тира бар рӯз доман кашид, Таҳамтан биёмад ба наздики шоҳ, Миён бастаи разму дил кинахоҳ,
159. ЛАШКАР КАШИДАНИ КОВУС БО РУСТАМ
Чу хуршед он чодари қиргун Бидарриду аз парда омад бурун, Бифармуд Ковус то Геву Тус Бибастанд бар кӯҳаи пил кӯс.
158. ХАШМ ГИРИФТАНИ КОВУС БАР РУСТАМ
Чу Рустам биёмад ба наздики шоҳ, Пазира шудандаш ба якрӯза роҳ. Чу Тусу чу Гударзи Кашводагон Пиёда шуда пеши аспаш давон.
157. НОМАИ КОВУС БА РУСТАМ ВА ХОНДАНИ Ӯ АЗ ЗОБУЛИСТОН
Яке нома фармуд пас шаҳрёр Набиштан бари Рустами номдор. Нахуст офарин кард бар паҳлавон, Ки бедордил бошу равшанравон.
156. ГИРИФТАНИ СӮҲРОБ ДИЖИ САПЕДРО
Чу хуршед барзад сар аз бурзи кӯҳ, Миёнҳо бубастанд туронгурӯҳ. Сипаҳдор Сӯҳроб найза ба даст Яке бораи тезтак барнишаст.
155. НОМАИ ГАЖДАҲАМ БА НАЗДИКИ КОВУС
Чу баргашт Сӯҳроб, Гаждаҳми пир Биёварду биншонд марди дабир. Яке нома бинвишт наздики шоҳ, Барафканд пӯянда марде ба роҳ.
154. РАЗМИ СӮҲРОБ БО ГУРДОФАРИД
Чу огоҳ шуд духтари Гаждаҳам, Ки солори он анҷуман гашт кам. Ғамин гашту барзад хурӯше бадард, Баровард аз дил яке боди сард.
153. РАСИДАНИ СӮҲРОБ БА ДИЖИ САПЕД
Диже буд, к-аш хондандӣ Сапед, Бад-он диж буд эрониёнро умед. Нигаҳбони диж размдида Ҳаҷир, Ки бо зӯру дил буду бо гурзу тир.
152. ФИРИСТОДАНИ АФРОСИЁБ БОРМОН ВА ҲУМОНРО БА НАЗДИКИ СӮҲРОБ
Хабар шуд ба наздики Афросиёб, Ки афканд Сӯҳроб киштӣ бар об. Яке лашкаре шуд бар ӯ анҷуман, Ҳаме сар фарозад чу сарви чаман.
151. ГУЗИДАНИ СӮҲРОБ АСПРО
Ба модар чунин гуфт Сӯҳроби гурд, Ки «Акнун бубинӣ зи ман дастбурд. Яке асп бояд маро гомзан, Суми ӯ зи пӯлоди хорошикан.
150. ЗОДАНИ СӮҲРОБ АЗ МОДАРАШ ТАҲМИНА
Чу нӯҳ моҳ бугзашт бар духти шоҳ, Яке кӯдак омад чу тобанда моҳ. Ту гуфтӣ гави пилтан Рустам аст, Ва ё Соми шер аст, ё Найрам аст.
149. ОМАДАНИ ТАҲМИНА - ДУХТАРИ ШОҲИ САМАНГОН БА НАЗДИ РУСТАМ
Чу як баҳра з-он тирашаб даргузашт, Шабоҳанг бар чархи гардон бигашт. Сухан гуфта омад нуҳуфта ба роз, Дари хобгаҳ нарм карданд боз.
148. ОМАДАНИ РУСТАМ БА ШАҲРИ САМАНГОН
Чу наздики шаҳри Самангон расид, Хабар з-ӯ ба шоҳу бузургон расид, Ки омад пиёда гави тоҷбахш, Ба нахчиргаҳ з-ӯ рамидаст Рахш.
147. ОМАДАНИ РУСТАМ БА НАХЧИРГОҲ
Зи гуфтори деҳқон яке достон Бипайвандам аз гуфтаи бостон. Зи мӯбад бар он гуна бардошт ёд, Ки Рустам баророст аз бомдод.
146. СӮҲРОБ ОҒОЗИ ДОСТОНИ СӮҲРОБ
Кунун разми Сӯҳробу Рустам шунав, Дигарҳо шунидастӣ, ин ҳам шунав. Яке достон аст пуроби чашм, Дили нозук аз Рустам ояд ба хашм.
145. ГУРЕХТАНИ АФРОСИЁБ АЗ РАЗМГОҲ
Сипаҳдори Турон чу з-он гуна дид, Сабук сар аз он ҷанг берун кашид. Инонро бупечиду бигрифт роҳ, Ҳаме шуд ба тезӣ чу абри сиёҳ.
144. РАЗМИ ПИЛСАМ БО ЭРОНИЁН
Далере, ки буд Пилсам номи ӯй, Гави кайнажоде, яли номҷӯй, Ки Виса будаш номи фаррух падар, Бародар-ш Пирони пирӯзгар.
143. РАЗМИ РУСТАМ БО ТУРОНИЁН
Чунин гуфт пас Гев бо паҳлавон, Ки «Эй нозиши шаҳрёру гавон. Шавам, раҳ бигирам бар Афросиёб, Намонам, ки ояд бад-он рӯи об.
142. ДОСТОНИ ҶАНГИ ҲАФТ ГУРДОН
Чу бо марг кӯшиш надорад-т суд, Кунун расми Рустам бибояд шунуд. Чӣ гуфт он сароянда марди далер, Ки ногаҳ баровехт бо наррашер,
141. БОЗ ОВАРДАНИ РУСТАМ КОВУСРО
Ҳаме кард пӯзиш зи карда гуноҳ, Варо мебиҷустанд ҳар сӯ сипоҳ. Хабар ёфт з-ӯ Рустаму Геву Тус, Бирафтанд бо лашкари гашну кӯс.
140. ГУМРОҲ КАРДАНИ ИБЛИС КОВУСРО ВА БА ОСМОН РАФТАНИ КОВУС
Чунон буд, ки иблис рӯзе пагоҳ Яке анҷуман кард пинҳон зи шоҳ. Ба девон чунин гуфт, к-имрӯз кор Ба ранҷу ба сахтист бо шаҳрёр.
139. ОРОСТАНИ КОВУС ҶАҲОНРО
Биёмад сӯи Порс Ковуси кай, Ҷаҳоне ба шодӣ нав афканд пай. Биёрост тахту бигустард дод, Ба шодиву хӯрдан дар андар кушод.
138. ПАЙҒОМ ФИРИСТОДАНИ КОВУС БА НАЗДИ КАЙСАРИ РУМ ВА АФРОСИЁБ
Фиристода шуд назди Кайсар зи шоҳ, Саворе ки андарнавардид роҳ. Бифармуд, к-аз номдорони Рум Касе к-ӯ битозад ба барру ба бум,
137. РАЗМ КАРДАНИ РУСТАМ БО СЕ ШОҲ ВА РАҲО ШУДАНИ КОВУС АЗ БАНД
Дигар рӯз лашкар биёростанд, Дурафш аз дурӯя биперостанд. Таҳамтан чу лашкар ба ҳомун кашид, Сипоҳи се шоҳу се кишвар бидид.