ОМАДАНИ РУСТАМ БА НАХЧИРГОҲ
Зи гуфтори деҳқон яке достон
Бипайвандам аз гуфтаи бостон.
Зи мӯбад бар он гуна бардошт ёд,
Ки Рустам баророст аз бомдод.
Ғамӣ буд дилаш, сози нахчир кард,
Камар басту таркаш пур аз тир кард.
Бирафту ба Рахш андаровард пой.
Барангехт он пилпайкар зи ҷой.
Сӯи марзи Турон-ш бинҳод рӯй
Чу шери дижогоҳи нахчирҷӯй.
Чу наздикии марзи Турон расид,
Биёбон саросар пур аз гӯр дид.
Барафрӯхт чун гул рухи тоҷбахш,
Бихандиду аз ҷой баркард Рахш.
Ба тиру камону ба гурзу каманд
Бияфканд бар дашт нахчир чанд.
Зи хору зи хошоку шохи дарахт
Яке оташе барфурӯзид сахт.
Чу оташ пароканда шуд, пилтан
Дарахте биҷуст аз дари бобзан.
Яке наррагӯре бизад бар дарахт,
Ки дар чанги ӯ парри мурғе насахт.
Чу бирён шуд, аз ҳам биканду бих(в)ард,
Зи мағз устухонаш баровард гард.
Бихуфту баросуд аз рӯзгор,
Чамону чарон Рахш дар марғзор.
Саворони туркон тане ҳафт-ҳашт
Бад-он дашти нахчиргаҳ баргузашт.
Паи Рахш диданд дар марғзор,
Бигаштанд гирди лаби ҷӯйбор.
Чу дар дашт мар Рахшро ёфтанд,
Сӯи банд кардан-ш биштофтанд.
Саворон зи ҳар сӯ ба ӯ тохтанд,
Каманди каёнӣ дарандохтанд.
Чу Рахш он каманди саворон бидид,
Чу шери жиён он гаҳе бардамид.
Ду касро ба захми лагад кард паст,
Якеро сар аз тан ба дандон гусаст.