Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

СӮҲРОБ ОҒОЗИ ДОСТОНИ СӮҲРОБ

Кунун разми Сӯҳробу Рустам шунав, Дигарҳо шунидастӣ, ин ҳам шунав. Яке достон аст пуроби чашм, Дили нозук аз Рустам ояд ба хашм. Агар тундбоде барояд зи кунҷ, Ба хок афканад норасида турунҷ. Ситамкора хонемаш, ар додгар, Ҳунарманд донемаш, ар беҳунар, Агар марг дод аст, бедод чист? Зи дод ин ҳама бонгу фарёд чист? Ба гурдони гарданкашон дод чиз. Аз ин роз ҷони ту огоҳ нест, Бад-ин парда-андар туро роҳ нест. Ҳама то дари оз рафта фароз, Ба кас во нашуд ин дари оз боз. Ба рафтан магар беҳтар ояд-т ҷой, Чу ором гирӣ ба дигар сарой. Агар марг касро наявборадӣ, Зи пиру ҷавон хок биспорадӣ. Агар оташе гоҳи афрӯхтан Бисӯзад, аҷаб нест з-ӯ сӯхтан. Бисӯзад, чу дар сӯзиш ояд дуруст, Чу шохи нав аз бехи кӯҳна бируст. Дами марг чун оташи ҳавлнок Надорад зи барнову фартут бок. Ҷавонро чӣ бояд ба гетӣ тараб, Ки не маргро ҳаст пирӣ сабаб. Дар ин ҷои рафтан на ҷои диранг, Бар аспи қазо гар кашад марг танг, Чунон дон, ки дод аст, бедод нест, Чу дод омадат, бонгу фарёд чист?! Ҷавониву пирӣ ба назди аҷал Яке дон, чу дар дин нахоҳӣ халал. Дил аз нури имон гар огандаӣ, Туро хомушӣ беҳ, ки ту бандаӣ. Парастиш ҳамон пеша кун ё ниёз, Ҳаме кори рӯзи пасинро бисоз. Бар ин кори Яздон туро роз нест,