ГУРЕХТАНИ АФРОСИЁБ АЗ РАЗМГОҲ
Сипаҳдори Турон чу з-он гуна дид,
Сабук сар аз он ҷанг берун кашид.
Инонро бупечиду бигрифт роҳ,
Ҳаме шуд ба тезӣ чу абри сиёҳ.
Таҳамтан барангехт Рахш аз шитоб
Паси пушти ҷанговар Афросиёб.
Чунин гуфт бо Рахш, к-Эй ҳушёр,
Макун сустӣ андар гаҳи корзор,
Ки ман шоҳро бар ту беҷон кунам,
Зи хун дастро ҳамчу марҷон кунам.
Чунон гарм шуд Рахши оташгуҳар,
Ки гуфтӣ баромад зи паҳлӯш пар.
Зи фитрок букшод Рустам каманд,
Ҳаме хост, к-орад миёнаш ба банд.
Ба тарк - андар афтод хамми дувол,
Сипаҳдори туркон бидуздид ёл.
Дигар он ки зер - андараш бодпой
Ба кирдори оташ баромад зи ҷой.
Биҷаст аз каманди гави пилтан,
Пур аз об рух, хушк монда даҳан.
Якояк саворон пас - андар дамон,
Шикастасилоҳу гусастаравон.
Ҳаме тохт чун бод Афросиёб,
Шитобанда бугзашт аз рӯи об.
Дилаш хаставу кушта лашкар ду баҳр,
Ҳаме нӯш ҷуст аз ҷаҳон, ёфт заҳр.
Зи лашкар ҳар он кас, ки буд ҷангсоз,
Ду баҳра наёмад ба хиргоҳ боз.
Ҳама кушта буданд ё хаста тан,
Гирифтор дар дасти он анҷуман.
Зи ганҷу зи тахту кулоҳу камар,
Зи теғу зи хафтону хӯду гуҳар,
Зи пурмоя аспони зарринситом,
Зи таргу зи шамшери зарринниём.
Ҷуз ин ҳар чи пурмоятар буд, низ
Ба эрониён монд бисёр чиз.
Ҳама гирд карданд эронсипоҳ
Ба дил шодмон гашта з-он размгоҳ.