Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ОРОСТАНИ КОВУС ҶАҲОНРО

Биёмад сӯи Порс Ковуси кай, Ҷаҳоне ба шодӣ нав афканд пай. Биёрост тахту бигустард дод, Ба шодиву хӯрдан дар андар кушод. Фиристод ҳар сӯ яке паҳлавон, Ҷаҳондору бедору равшанравон, Ба Марву Нишопуру Балху Ҳарӣ, Фиристод бар ҳар сӯе лашкаре. Ҷаҳоне пур аз дод шуд яксара, Ҳаме рӯй баргошт гург аз бара. Зи бас ганҷу зебоиву фарраҳӣ Парӣ мардуму дев гашташ раҳӣ. Ҳама пеши Ковус кеҳтар шуданд, Ҳама тоҷдорон-ш лашкар шуданд. Ҷаҳонпаҳлавонӣ ба Рустам супурд, Ҳама рӯзгори беҳӣ з-ӯ шумурд. Яке ҷой кард андар Албурзкӯҳ, Ки дев аз чунон ранҷҳо буд сутӯҳ. Бифармуд, то санги хоро кананд, Ду хона бар ӯ ҳар яке даҳ каманд. Биёрост охур ба санг-андарун, Зи пӯлод меху зи хоро сутун. Бибастанд аспони ҷангӣ дар ӯй, Ҳам уштур иморикашу роҳҷӯй. Яке хонаро з-обгина бисохт, Забарҷад ба ҳар ҷой - андар нишохт. Чунин ҷой будаш хирому х(в)ариш Ки бошад-ш аз хӯрданӣ парвариш. Зи ҷизъе ямонӣ яке гунбаде Нишастангаҳи номвар мӯбаде. Азеро чунин ҷойгаҳ кард рост, Ки дониш аз он ҷой ҳаргиз нахост. Ду хона зи баҳри салеҳи набард Бифармуд аз нуқраи хом кард. Яке кохи заррин зи баҳри нишаст, Баровард болошро бар ду шаст. Зи пирӯза карда бар ӯ-бар нигор, Дар айвон-ш ёқут бурда ба кор.