ГУМРОҲ КАРДАНИ ИБЛИС КОВУСРО ВА БА ОСМОН РАФТАНИ КОВУС
Чунон буд, ки иблис рӯзе пагоҳ
Яке анҷуман кард пинҳон зи шоҳ.
Ба девон чунин гуфт, к-имрӯз кор
Ба ранҷу ба сахтист бо шаҳрёр.
Яке дев бояд кунун чарбдаст,
Ки донад ҳама расму роҳи нишаст.
Шавад, ҷони Ковус бераҳ кунад,
Ба девон-бар ин ранҷ кӯтаҳ кунад.
Бигардонадаш сар зи Яздони пок,
Фишонад бар он фарри зебош хок.
Шуниданду бар дил гирифтанд ёд,
Кас аз бими Ковус посух надод.
Яке деви дижхим бар пой хост,
Чунин гуфт, к-ин нағзкорӣ марост.
Бигардонамаш сар зи дини Худой,
Кас ин роз ҷуз ман наёрад ба ҷой.
Ғуломе биёрост аз хештан
Сухангӯю шоистаи анҷуман.
Ҳаме буд, то номвар шаҳрёр
Зи паҳлӯ бурун рафт баҳри шикор.
Биёмад ба пешаш, замин бӯс дод,
Яке дастаи гул ба Ковус дод.
Чунин гуфт, к-ин фарри зебои ту,
Ҳаме чархи гардон сазад ҷои ту.
Ба коми ту шуд рӯи гетӣ ҳама,
Шубониву гарданфарозон рама.
Яке кор мондаст, то дар ҷаҳон
Нишони ту ҳаргиз нагардад ниҳон.
Чӣ дорад ҳаме офтоб аз ту роз,
Ки чун гардад андар нишебу фароз?
Чӣ гуна-ст моҳу шабу рӯз чист?
Бар ин гардиши чарх солор кист?
Гирифтӣ замин в-он чи буд коми ту,
Шавад осмон низ дар доми ту.
Дили шоҳ аз он дев бероҳ шуд,
Равонаш зи андеша кӯтоҳ шуд.
Гумонаш чунон буд, ки гардонсипеҳр
Ба гетӣ маро-дар намудаст чеҳр.