ЛАШКАР КАШИДАНИ КОВУС БО РУСТАМ
Чу хуршед он чодари қиргун
Бидарриду аз парда омад бурун,
Бифармуд Ковус то Геву Тус
Бибастанд бар кӯҳаи пил кӯс.
Дари ганҷ букшоду рӯзӣ бидод,
Сипаҳ барнишонду буна барниҳод.
Сипаҳдору ҷавшанварон сад ҳазор
Шумурда, ба лашкаргаҳ омад савор.
Яке лашкар омад зи паҳлӯ ба дашт,
Ки аз гарди аспон ҳаво тира гашт.
Саропардаву хайма зад бар ду мил,
Бипӯшид гетӣ ба наълу ба пил.
Ҳаво нилгун шуд, замин обнӯс,
Биҷунбид ҳомун зи овои кӯс.
Ҳаме рафт манзил ба манзил сипоҳ,
Шуда рӯи хуршеди тобон сиёҳ.
Дурафшидани хишту жӯпин зи гард
Чу оташ паси пардаи лоҷвард.
Зи бас гуна-гуна синону дурафш,
Сипарҳои заррину заррина кафш
Ту гуфтӣ, ки абре ба ранг обнус
Биёмад, биборид аз ӯ сандарус.
Ҷаҳонро шаб аз рӯз пайдо набуд,
Ту гуфтӣ сипеҳру сурайё набуд.
Аз ин сон бишуд, то дари диж расид,
Шуда хоку санг аз ҷаҳон нопадид.
Хурӯше баланд омад аз дидгоҳ,
Ба Сӯҳроб бинмуд, к-омад сипоҳ.
Чу Сӯҳроб аз он гуна ово шунид,
Ба бора баромад, сипаҳ бингарид.
Ба ангушт лашкар ба Ҳумон намуд,
Сипоҳе, ки онро карона набуд.
Чу Ҳумон зи дур он сипаҳро бидид,
Дилаш гашт пурбиму дам даркашид.
Ба Ҳумон чунин гуфт Сӯҳроби гурд,
Ки андеша аз дил бибояд сутурд.
Набинӣ ту з-ин лашкари бекарон
Яке марди ҷангиву гурзи гарон,