ХАШМ ГИРИФТАНИ КОВУС БАР РУСТАМ
Чу Рустам биёмад ба наздики шоҳ,
Пазира шудандаш ба якрӯза роҳ.
Чу Тусу чу Гударзи Кашводагон
Пиёда шуда пеши аспаш давон.
Пиёда шуд аз асп Рустам ҳамон,
Гирифтанд пурсиш ба дил-дар меҳон.
Гурозон ба даргоҳи шоҳ омаданд,
Кушодадилу некхоҳ омаданд.
Чу рафтанду бурданд пешаш намоз,
Барошуфту посух надод эч боз.
Шуда тунд Ковус, чин дар ҷабин,
Шуда рост монанди шери арин.
Яке бонг барзад ба Гев аз нахуст,
Пас он гоҳ шарм аз ду дида бишуст,
Ки «Рустам кӣ бошад, ки фармони ман
Кунад пасту печад зи паймони ман?
Агар теғ будӣ кунун пеши ман,
Сараш кандаме чун турунҷе зи тан.
Бигираш, бибар зинда бар дор кун,
В-аз ӯ низ макшой бо ман сухун.
Зи гуфтори ӯ Гевро дил бихаст,
Ки бурдӣ ба Рустам бад-ин гуна даст.
Барошуфт бо Геву бо пилтан,
Бад-ӯ хира монда ҳама анҷуман.
Бифармуд пас Тусро шаҳрёр,
Ки рав, ҳар дуро зинда бар кун ба дор!
Худ аз ҷой бархост Ковуси кай,
Барафрӯхт бар сони оташ зи най.
Бишуд Тусу дасти Таҳамтан гирифт,
Бад-ӯ монда пархошҷӯён шигифт,
Ки аз пеши Ковус берун барад,
Магар андар он тезӣ афсун барад.
Таҳамтан барошуфт бо шаҳрёр,
Ки чандин мадор оташ андар канор.
Ҳама корат аз якдигар бадтар аст,
Туро шаҳрёрӣ на андарх(в)ар аст.
Ту он туркро зинда бар дор кун,
Барошӯбу бадхоҳро хор кун.