Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

КУШТАНИ РУСТАМ ЖАНДАРАЗМРО

Чу хуршед гашт аз ҷаҳон нопадид, Шаби тира бар рӯз доман кашид, Таҳамтан биёмад ба наздики шоҳ, Миён бастаи разму дил кинахоҳ, Ки дастур бошад маро тоҷвар, К-аз эдар шавам бекулоҳу камар. Бубинам, ки ин навҷаҳондор кист? Бузургон кадоманду солор кист? Бад-ӯ гуфт Ковус, к-«Ин кори туст, Ки равшанравон бодиву тандуруст, Ҳамеша нигаҳдор Яздон-т бод, Ба коми дилу рою паймон-т бод!» Таҳамтан яке ҷомаи турквор Бипӯшиду омад ниҳон то ҳисор. Биёмад, чу наздикии диж расид, Хурӯшидану бонги туркон шунид. Бад-он диж-дарун рафт марди далер, Чунон чун сӯи оҳувон наррашер. Якояк саронро нигаҳ карду дид, Зи шодӣ рухонаш чу гул бишкуфид. Бад-он гаҳ, ки Сӯҳроб оҳанги ҷанг Намуду гаҳи рафтан омад-ш танг, Ҳаме хонд пас модараш Жандаразм, Ки ӯ дида буд паҳлавон гоҳи базм. Буд ӯ пури шоҳи Самангонзамин Ҳамон холи Сӯҳроби боофарин Бад-ӯ гуфт, к-«Эй гурди равшанравон, Фиристам-т ҳамроҳи ин навҷавон, Ки чун номвар сӯи Эрон расад, Ба наздики шоҳи далерон расад. Чу танг андарояд сипаҳ рӯзи кин, Падарро намоӣ ба пури гузин.» Чу Сӯҳробро дид бар тахти базм, Нишаста ба як дасти ӯ Жандаразм. Ба дигар чу Ҳумон - савори далер, Дигар Бормон - номбардор шер. Ту гуфтӣ ҳама тахт Сӯҳроб буд, Ба сони яке сарви шодоб буд.