Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ГИРИФТАНИ СӮҲРОБ ДИЖИ САПЕДРО

Чу хуршед барзад сар аз бурзи кӯҳ, Миёнҳо бубастанд туронгурӯҳ. Сипаҳдор Сӯҳроб найза ба даст Яке бораи тезтак барнишаст. Бад-он буд, ки гурдони дижро ҳама Бигирад, бубандад ба сони рама. Чу оҳанги диж кард, касро надид, Хурӯше чу шери жиён баркашид. Биёмад, дари диж кушоданд боз, Надиданд дар диж касе сарфароз. Ба шаб рафта буданд бо Гаждаҳам Саворони диждору гурдон ба ҳам, Ки зери диж - андар яке роҳ буд, Ки душман аз он раҳ на огоҳ буд. Чу Сӯҳробу лашкар бари диж расид, Ба бора-дарун Гаждаҳамро надид. Ҳар он кас, ки буд андар он ҷойгоҳ, Гунаҳкор буданд, агар бегуноҳ, Ба фармон ҳама пеши ӯй омаданд. Ба ҷон ҳар касе чораҷӯй омаданд. Ҳаме ҷуст Гурдофариду надид, Дилаш меҳру пайванди ӯ баргузид. Ба дил гуфт аз ин пас: «Дареғо, дареғ! Ки шуд моҳи тобанда дар зери меғ». Чу нома ба наздики хусрав расид, Ғамӣ шуд дилаш, к-он суханҳо шунид. Гаронмоягонро зи лашкар бихонд, В-аз ин достон чанд гуна биронд. Нишастанд бо шоҳи Эрон ба ҳам Бузургони лашкар ҳама бешу кам, Чу Тусу чу Гударзи Кашводу Гев, Чу Гургину Баҳрому Фарҳоди нев. Вале ишқ пинҳон намонад, ки роз Ба мардум намояд ҳаме ашк боз. Ғами ҷон барорад хурӯш аз дарун, Агарчанд ошиқ бувад зуфунун. Зи бас меҳри он духти бофарру ҳанг Намонд эч бар рӯи Сӯҳроб ранг.