Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ФИРИСТОДАНИ АФРОСИЁБ БОРМОН ВА ҲУМОНРО БА НАЗДИКИ СӮҲРОБ

Хабар шуд ба наздики Афросиёб, Ки афканд Сӯҳроб киштӣ бар об. Яке лашкаре шуд бар ӯ анҷуман, Ҳаме сар фарозад чу сарви чаман. Ҳанӯз аз даҳан бӯи шир оядаш, Ҳаме рои шамшеру тир оядаш. Заминро ба ханҷар бишӯяд ҳаме, Кунун разми Ковус ҷӯяд ҳаме. Сипоҳ анҷуман шуд бар ӯ-бар басе, Наёяд ҳаме ёдаш аз ҳар касе. Сухан з-ин дарозӣ чӣ бояд кашид? Ҳунар бартар аз гавҳар омад падид. Чу Афросиёб ин суханҳо шунуд, Хуш омад-шу хандиду шодӣ намуд. Зи лашкар гузид аз диловар сарон, Касе к-ӯ гирояд ба гурзи гарон. Сипаҳбад чу Ҳумону чун Бормон, Ки дар чанги шерон наҷустӣ замон. Даҳу ду ҳазор аз далерони гурд Гузидаш зи лашкар, бад-эшон супурд. Чунин гуфт, к-ин чора андар ҷаҳон Бисозеду доред андар ниҳон. Писарро набояд, ки донад падар, Зи пайванди ҷону зи меҳру гуҳар. Чу рӯй андароранд ҳар ду ба рӯй, Таҳамтан бувад бегумон чораҷӯй. Магар, к-он диловар гави солх(в)ард Шавад кушта бар дасти ин шермард. Чу бе Рустам Эрон ба чанг оварем, Ҷаҳон пеши Ковус танг оварем. В-аз он пас бисозем Сӯҳробро, Бубандем як шаб бад-ӯ хобро. В-агар кушта гардад ба дасти падар, Аз он пас, бисӯзад дили номвар. Бирафтанд бедор ду паҳлавон Ба наздики Сӯҳроби равшанравон. Ба пеш-андарун ҳадяи шаҳрёр, Даҳ аспу даҳ астар базину бабор.