РАЗМ КАРДАНИ РУСТАМ БО СЕ ШОҲ ВА РАҲО ШУДАНИ КОВУС АЗ БАНД
Дигар рӯз лашкар биёростанд,
Дурафш аз дурӯя биперостанд.
Таҳамтан чу лашкар ба ҳомун кашид,
Сипоҳи се шоҳу се кишвар бидид.
Чунин гуфт бо лашкари сарфароз,
Ки имрӯз мижгон бидоред боз.
Бушу ёл бинеду аспу инон,
Ду дида ниҳода ба нӯки синон.
Агар сад саворанду гар сад ҳазор,
Фузунии лашкар наёяд ба кор.
Чу моро бувад ёр Яздони пок,
Сари душманон андарорам ба хок.
В-аз он сӯ шаҳон низ бар пушти пил
Нишастанду лашкар кашида ду мил.
Зи Барбарситон буд саду шаст пил,
Шуда ҷумла ҷӯшон чу дарёи Нил.
Зи Ҳомоварон буд сад жандапил,
Яке лашкаре сохта то ду мил.
Севум лашкари Миср саф баркашид,
Ҳаво нилгун шуд, замин нопадид.
Ту гуфтӣ ҷаҳон яксар аз оҳан аст,
Ва ё кӯҳи Албурз дар ҷавшан аст.
Паси пушти гурдон дурафшон дурафш,
Ба гирд-андарун сурху зарду бунафш.
Аз овози гурдон битӯфид кӯҳ,
Замин омад аз наъли аспон сутӯҳ.
Бидаррид чангу дили шери нар,
Уқоби диловар бияфканд пар.
Ҳаме абр бигдохт андар ҳаво,
Баробар кӣ дид ӣстодан раво.
Чапу рост лашкар биёростанд,
Дилерон ҳама разму кин хостанд.
Гуроза биёрост бар маймана,
Бад-он сӯ кашиданд лашкар буна.
Сӯи майсара номбардор шер
Завора, ки буд аждаҳои далер.
Ба қалб-андарун пури Дастони Сом,
Абар кӯҳаи зин-дарун хамми хом.