ЗОДАНИ СӮҲРОБ АЗ МОДАРАШ ТАҲМИНА
Чу нӯҳ моҳ бугзашт бар духти шоҳ,
Яке кӯдак омад чу тобанда моҳ.
Ту гуфтӣ гави пилтан Рустам аст,
Ва ё Соми шер аст, ё Найрам аст.
Чу хандон шуду чеҳра шодоб кард,
Варо ном Таҳмина Сӯҳроб кард.
Чу якмоҳ шуд ҳамчу яксол буд,
Бараш чун бари Рустами Зол буд.
Чу сесола шуд, сози майдон гирифт,
Ба панҷум дили шермардон гирифт.
Чу даҳсола шуд, з-он замин кас набуд,
Ки ёраст бо ӯ набард озмуд.
Бари модар омад, бипурсид аз ӯй,
Бад-ӯ гуфт густох: «Бо ман бигӯй,
Ки ман чун зи ҳамширагон бартарам?
Ҳаме б-осмон андарояд сарам.
Зи тухми киям в-аз кадомин гуҳар?
Чӣ гӯям, чу пурсад касе аз падар?
Гар ин пурсиш аз ман бимонад ниҳон,
Намонам туро зинда андар ҷаҳон.»
Бад-ӯ гуфт модар, ки «Бишнав сухун,
Бад-ин шодмон бошу тундӣ макун.
Ту пури гави пилтан - Рустамӣ,
Зи Дастони Сомиву аз Найрамӣ.
Азеро сарат з-осмон бартар аст,
Ки тухми ту з-он номвар гавҳар аст.
Ҷаҳонофарин то ҷаҳон офарид,
Саворе чу Рустам наёмад падид.
Чу Соми Наримон ба гетӣ набуд,
Сарашро наёраст гардун бисуд.»
Яке нома аз Рустами ҷангҷӯй
Биёварду бинмуд пинҳон бад-ӯй.
Се ёқути рахшону се бадра зар,
К-аз Эрон фиристода будаш падар,
Бад-он гоҳ, к-ӯ зода будаш зи мом,
Фиристода будаш падар бо паём.
Нигаҳ кун ту онро, ба хубӣ нигар,
Ки бобат фиристода, эй пурҳунар.