Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

РАЗМИ СӮҲРОБ БО ГУРДОФАРИД

Чу огоҳ шуд духтари Гаждаҳам, Ки солори он анҷуман гашт кам. Ғамин гашту барзад хурӯше бадард, Баровард аз дил яке боди сард. Зане буд бар сони гурде савор, Ҳамеша ба ҷанг-андарун номдор. Куҷо номи ӯ буд Гурдофарид, Ки чун ӯ ба ҷанг-андарун кас надид. Чунон нангаш омад зи кори Ҳаҷир, Ки шуд лолабаргаш ба кирдори хир. Бипӯшид диръи саворон ба ҷанг, Набуд андар он кор ҷои диранг. Ниҳон кард гесӯ ба зери зиреҳ, Бизад бар сари тарги румӣ гиреҳ. Фуруд омад аз диж ба кирдори шер, Камар бар миён, бодпое ба зер. Ба пеши сипоҳ андаромад чу гард, Чу раъди хурӯшон яке вайла кард, Ки гурдон кадоманду солор кист? Зи размоварон ҷангро ёр кист? Ки бар ман яке озмунро ба ҷанг Бигардад ба сони диловар наҳанг? Зи ҷанговарон лашкари сарфароз Мар ӯро наёмад касе пеш боз. Чу Сӯҳроби шеравжан ӯро бидид, Бихандиду лабро ба дандон газид. Чунин гуфт, к-омад дигарбора гӯр Ба доми худованди шамшеру зӯр. Бипӯшид хафтону бар сар ниҳод Яке тарки чинӣ ба кирдори бод. Биёмад дамон пеши Гурдофарид, Чу духти камандафкан ӯро бидид, Камонро ба зеҳ карду бикшод бар, Набуд мурғро пеши тираш гузар, Ба Сӯҳроб- бар тирборон гирифт, Чапу рост ҷанги саворон гирифт. Нигаҳ кард Сӯҳроб, омад-ш нанг, Барошуфту тез андаромад ба ҷанг.