Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Агар чи ҳарду гирифтор омадем, вале
Ту ошиқи зару ман гашта мубталои сухан. Шикасти ранг начидӣ баҳорат аз ғами зар, Тило шудӣ миси ту гар зи кимиёи сухан.
Намерасад ки занӣ захми нохуни дахле
Ба тори машқи расоён ту норасои сухан. Ба молу ҷоҳ ту, эй сифлатабъ, хушдил бош, Ки мо хушем бар ин суфра бо атои сухан.
Дам аз фусуни баён, муддаӣ, мазан, ки марост
Ба даст хомаи муъҷизнишон асои сухан. Ба Нили мо наситезу ба хуни худ машитоб, Ки ҳаст дар кафи мо теғи мавҷҳои сухан.
Кушой чашми басират, ки бар ту ҷилва кунад
Ҷамоли Юсуфи таҳқиқ аз қабои сухан. Ба гунаи дигар омад зи ман таҷаммули фазл, Ки тайласон шуда бар дӯши ман ридои сухан. Чу мурғи хонагӣ дар банди обу дона маб
Ҳарими хотираш ойинахонаи асрор
Шуд он, ки гашт дилаш рамзошнои сухан. Кай инқибоз пазирад зи кулфати айём, Табиате, ки бувад басташ аз сафои сухан.
Расад ба дасти симоъи нигор, то рӯзе
Ба хуни шавқ дилам парварад ҳинои сухан. Бувад ҳамеша чу гул тар димоғи нашъаи файз, Касе, ки мекашад ӯ ҷоми ғамзудои сухан
Ҳаловати лаби нозукадои ҷононро
Нигар, ки шираи ҷон мечакад ба ҷои сухан. Намеравад зи барам дур шоҳиди маънӣ, Ҳино зи хуни ҷигар бастаам ба пои сухан. Ҳадиси қиссаи зулфи кӣ дар миён омад?
Санои сухан
Набуд базми адам чун асарнавои сухан, Расидаем дар ин маҳфил аз барои сухан. Вуҷуди мост чу боис зуҳури ирфонро, Ниҳода шуд пайи мо курсии бинои сухан.
Чароғи нур шав
То тавонӣ роҳати ҷони дили ранҷур шав, Захмҳои синаҳоро марҳами кофур шав. Бар сияҳрӯзон ғами сомони хуршедӣ намой, Шоми ҳиҷрони асиронро чароғи нур шав.