Санои сухан
Набуд базми адам чун асарнавои сухан,
Расидаем дар ин маҳфил аз барои сухан.
Вуҷуди мост чу боис зуҳури ирфонро,
Ниҳода шуд пайи мо курсии бинои сухан.
Гузошт ойинаи хотире зи истеъдод,
Ба пеши тӯтии дил фитратозмои сухан.
Ба хеш қатраи мо чун муҳит меболад,
Зи файзи мавҷи гуҳарҳои бебаҳои сухан.
Ливои тантанаи мо зи меҳру моҳ гузашт,
Задем таблу алам то ки дар фазои сухан.
Нигорхонаи Чини хаёл шуд дили мо.
Зи нақши ҷилваи найранги дилрабои сухан.
Шикастаем намакдон ба захми ҷони ҳасуд,
Дамонда то лаби мо субҳи хандаҳои сухан.
Зи рози мову ту то анҷуман напардозанд,
Ба чашмаке нигаҳат мекунад адои сухан.
Ба ёди лаъли ту, эй ҳайкали латофати ноз,
Дилам ба хун тападу ҷон шавад фидои сухан.