Шеърҳо бо теги: рубоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «рубоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Аз мaн бapи Хaйём pacoнeд caлoм
Аз мaн бapи Хaйём pacoнeд caлoм, В-oн гoҳ бигӯeд, ки : «Хoмӣ, Хaйём, Мaн кaй гyфтaм, ки мaй ҳapoм acт? Вaлe Бap пyxтa ҳaлoл acтy бap xoм ҳapoм».
Эй нeк нaкapдaвy бaдиҳo кapдa
Эй нeк нaкapдaвy бaдиҳo кapдa, В-oн гoҳ бa лyтфи Ҳaқ тaвaллo кapдa. Бap aфв мaкyн тaкя, ки ҳapгиз нaбyвaд, Нoкapдa чy кapдa, кapдa чyн нoкapдa.
Эй чарх, дилам ҳамеша ғамнок кунӣ
Эй чарх, дилам ҳамеша ғамнок кунӣ, Пироҳани хуррамии ман чок кунӣ. Боде, ки расад ба ман, туаш об кунӣ, Обе, ки хӯрам, дар даҳанам хок кунӣ.
Эй ҳамнафасон, маро зи май қут кунед
Эй ҳамнафасон, маро зи май қут кунед, В-ин рӯйи чу каҳрабо чу ёқут кунед. Чун мурда шавам, ба май бишӯед маро, В-аз чӯби разам тахтаи тобут кунед.
Май хӯр, ки ба зери гил басе хоҳӣ хуфт
Май хӯр, ки ба зери гил басе хоҳӣ хуфт, Бе мунису бе рафику бе ҳамдаму ҷуфт. Зинҳор, ба кас магӯ ту ин рози нуҳуфт: «Ҳар лола, ки пажмурд, нахоҳад бишкуфт».
Гар гавҳари тоатат насуфтан ҳаргиз
Гар гавҳари тоатат насуфтан ҳаргиз, Гарди гунаҳ аз чеҳра наруфтам ҳаргиз. Навмед наям зи боргоҳи карамат, Зеро, ки якеро ду нагуфтам ҳаргиз.
Ман бода хурам валек мастӣ накунам
Ман бода хурам валек мастӣ накунам, Илло ба қадаҳ даром дасти накунам. Дони ғазабам зи майпарастӣ чӣ бувад? То ҳамчу ту хештан парасти накунам.
Ман гиёҳи навбаҳорам шамси тобонам куҷост
Ман гиёҳи навбаҳорам шамси тобонам куҷост? Булбули шӯрида ҳастам боғу бустонам куҷост? Лоласон дар қалби ман доғи гароне хуфтааст. То бишӯяд доғи дил он абри
З-ин даҳр, ки буд муддате манзили мо
З-ин даҳр, ки буд муддате манзили мо, Н-омад ба ҷуз аз балову ғам ҳосили мо. Афсӯс, ки ҳал нагашт як мушкили мо, Рафтему ҳазор ҳасрат андар дили мо...
Дар олами ҷон ба ҳуш мебояд буд
Дар олами ҷон ба ҳуш мебояд буд, Дар кори ҷаҳон хамӯш мебояд буд. То чашму забону гӯш бар ҷо бошанд, Бе чашму забону гӯш мебояд буд...
Эй воқифи асрори замири ҳама кас
Эй воқифи асрори замири ҳама кас, Дар ҳолати аҷз дастгири ҳама кас. Ё раб ту маро тавба диҳу узр пазир, Эй тавбадиҳу узрпазири ҳама кас...
Аз ҳодисаи замони зоянда матарс
Аз ҳодисаи замони зоянда матарс, В-аз ҳар чӣ расад, чу нест поянда, матарс. Ин як дами нақдро ғанимат медон, В-аз рафта маяндешу зи оянда матарс.
Бегона агар вафо кунад, хеши ман аст
Бегона агар вафо кунад, хеши ман аст, В-ар хеш хато кунад, бадандеши ман аст. Гар заҳр мувофиқат кунад, тарёк аст, В-ар нӯш мухолифат кунад, неши ман аст.
Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз
Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз, Бозомадае ку, ки хабар гирам боз. Зинҳор дар ин дуроҳаи нозу ниёз, Чизе нагузорӣ, ки намеоӣ боз.
Ҳаргиз ба тараб шарбати обе нахӯрем
Ҳаргиз ба тараб шарбати обе нахӯрем, То аз кафи андӯҳ шаробе нахӯрем. Ноне назанем дар намак ҳеҷ гаҳе, То аз ҷигари хеш кабобе нахӯрем.
Эй дӯст, ғами ҷаҳони беҳуда махӯр
Эй дӯст, ғами ҷаҳони беҳуда махӯр, Беҳуда ғами ҷаҳони фарсуда махӯр. Чун буд гузашту нест нобуд падид, Хуш бошу ғами будаву нобуда махӯр.
Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт
Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт: К-аз хоб касеро гули шодӣ нашкуфт, Коре чӣ кунӣ, ки бо аҷал бошад ҷуфт, Май нӯш, ки умрҳо мебояд хуфт.
Як даст ба мусҳафему як даст ба ҷом
Як даст ба мусҳафему як даст ба ҷом, Гаҳ марди ҳалолему гаҳе марди ҳаром. Моем дар ин гунбади фирӯзарухом, На кофири мутлақ, на мусалмони тамом.
Дунё маталаб, ки дар талаб мемирӣ
Дунё маталаб, ки дар талаб мемирӣ, Аз рӯз макун шиква, ки шаб мемирӣ. Бо оби дари хона қаноат бинамо, Дарё маталаб, ки ташналаб мемирӣ.
Чун кор на бар муроди мо хоҳад рафт
Чун кор на бар муроди мо хоҳад рафт, Андешаи ҷаҳди мо куҷо хоҳад рафт? Пайваста нишастаем дар ҳасрати он-к Дер омадаему зуд мебояд рафт...
Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд
Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд, Ҳар як пайи якдигар якояк бираванд. Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид, Рафтанду равему боз оянду раванд...
Мақсад аз омадани мо талаби дидор аст
Мақсад аз омадани мо талаби дидор аст, Вар-на ин нону намак дар ҳама ҷо бисёр аст. Умр агар хуш гузарад, зиндагии ХИЗР(а) кам аст. Вар-на нохуш гузарад, ними на
Одами бе дарду ғам дар зиндагӣ кам будааст
Одами бе дарду ғам дар зиндагӣ кам будааст, Лек ҳар дарду ғамеро боз марҳам будааст. Беҳтарин дорую дармоне,ки ман дарёфтам, Бар ҳама ин дарду ғам,Аллоҳ ҳамдам
Чун булбули маст, роҳ дар бӯстон ёфт
Чун булбули маст, роҳ дар бӯстон ёфт, Рӯйи гулу ҷоми бодаро хандон ёфт. Омад ба забони ҳол дар гӯшам гуфт: "Дарёб, ки умри рафтаро натвон ёфт".
Эзид чу нахост, он чӣ ман хостаам
Эзид чу нахост, он чӣ ман хостаам, Кай гардад рост, он чӣ ман хостаам. Гар ҷумла савоб аст, ки ӯ хостааст, Пас ҷумла хатост, он чӣ ман хостаам.