Шеърҳо бо теги: барои кӯдакон
Шеърҳои марбут ба теги «барои кӯдакон» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Арча, Ҷон Арча
Арча, арча, ҷон арча, Зеби зимистон, арча. Мо меҳмони ту ҳастем, Ту моро меҳмон, арча.
Биншастаам…
Фикре наояд бар сарам, Биншастаам, кӯру карам, Ҳушам наёяд ҳеҷ ҷамъ, Ҷонам бисӯзад мисли шамъ.
Барои Чӣ?
Аз саволи беҷавоб Калаам омад ба дард: Барои чӣ сабза сабз? Коҳ барои чӣ зард?
Бовар Бикун! (Чигилак)
Дунё аҷиб асту ғ ариб, Бовар бикун, ҳайрон машав, Саҳронишин шуд андалеб, Кӯҳгард шуд мурғи титав.
Нақли Кӯтоҳи Қади Дароз
Дина дидам як одам, Як одами қ аддароз, Чун дидам, шуд даҳонам Аз ҳайрат, ҷӯраҷон, боз.
Гуноҳи Кист?
Ниҳоли сабзи раҳро канд, Ба сардӣ рӯйи раҳ афканд. Кӣ канд онро? Худи Исо
Гулрӯ Пай Бурд?
Гулрӯ ба даҳ по мениҳад, Ғам модарашро медиҳад. Бе модараш Гулрӯ саҳар Аз дар намонад по бадар.
Гумкардаро Ёбад Асо?
- Касро мадеҳ беҳуда ғам, Боз о, куҷо рафтӣ қалам? - Ҳаргиз маҷӯ, аз хона рафт, Дар нӯлаки бедона рафт.
Хона - Пури Дона
Мӯрча рӯзи тамом Бор кашон-кашон кард, Аз субҳ то дами шом Пур хамбаро зи дон кард.
Суре Бапо Шуд
Гамбуск хеле кор кард, Болои тал шудгор кард. Ҳамсояҳо шодон шуданд, Ҳар сӯ ҳама тозон шуданд.
Мусича
Ҳар саҳар аз пушти дар Мусича ово диҳад, Дон модарам ҳар саҳар Дар пушти дар мениҳад.
Уқоб
Дар осмон пар мезанад, Бар осмон сар мезанад. Аммо ду чашми тезбин Бо меҳр дӯзад бар замин.
Тағобиёрак
Бар рӯйи каф омад маро Бо бӯйи гул, бо бӯйи хор, Гуфтам: - Пари худро кушо, Рав, рав, тағ оямро биёр.
Шамол
Дар деҳ шамоли тирамоҳ Аз субҳ бозӣ мекунад, Сӯйи ба сӯю раҳ ба раҳ Хуш асптозӣ мекунад.
Дарахтон
Таконе дасти сарди бод Ба сахтӣ шохаҳоро дод, Хазон аз шохи хоболуд Ба рӯйи хушки хок афтод.
Кайҳони Ман
Гаҳвораам ҷунбонд деҳ, Дар мактабам хононд деҳ. Во чун кунам тори гиреҳ, Чун модарам фаҳмонд деҳ.
Кӯрароҳ
Борик асту каҷмакаҷ чун роҳи мор, Дар бари кӯҳу сари тал хуфтааст. Бигзарад аз зери сангу рӯйи хор, Хору гул рӯйи раҳаш бишкуфтааст.
Муттако
Кӯҳҳо хомушанд чун пирон, Кӯҳҳо сахт кардаанд сукут. Қисса гӯянд бурсҳои дароз Бо ҳам аз дидаю шунидаи худ.
Сабздеҳ
Офтоб аз теға чун сар мекашад, Теға аз зар банд бар сар мекашад, Сабздеҳ бо ташнаҳолии зиёд Нурро пеш аз ҳама дармекашад.
Куҷо Шуд Пинҳон Тафси Тобистон?
Салқ ин каме ҳаво шуд, Тафси ҳаво куҷо шуд? Тафси ҳаво магар рафт? Чун рафт?
Сӯҳбати Сомон Бо Оруи Асал
- Ору, ору, эй ору, Сахту сангин кори ту, Аз баҳри андаке шаҳд Рӯзе гул мекунӣ бӯ.
Сӯҳбати Сомон Бо Чанбаршохи Ало
- Ҳар саҳар ба сӯйи кӯҳ Чаро меравӣ чаро 2? - Ҷойи хуби хуби хуб Кӯҳ аз барои чаро.
Сӯҳбати Марди Раҳгузар Бо Сомон
- Тозон куҷо ҳастӣ равон Дар айни гармии ҳаво? - Сӯйи даравҷо меравам, Пеши даравгарҳои мо.
Ва Кӯҳи Саркаш
- Эй кӯҳи саркаш, ин қадар Сар мекашӣ сӯйи само? То чанд сар бармекашӣ? Қад мекашӣ то бар куҷо?
Сӯҳбати Сомон Бо Офтоби Тобон
- Эй офтоб, эй офтоб, Эй офтоби шӯълавар, Аз чашми ман гаштӣ ниҳон, Шабро чӣ сон кардӣ саҳар?