Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Сабздеҳ

Офтоб аз теға чун сар мекашад, Теға аз зар банд бар сар мекашад, Сабздеҳ бо ташнаҳолии зиёд Нурро пеш аз ҳама дармекашад. Хона - рӯйи хона, Рӯйи бом - бом, Ин яке бом, он яке саҳни тамом, Гар баройӣ тори боме, мехӯрад Дакка сар бар осмони нилфом. Чашм дӯзӣ аз сари санге агар, Водие сурат кашад пеши назар, Бо раҳу бероҳаю каҷроҳае, Бо талу зовияю кӯҳу камар. Обаке монанди шири хушгувор Печ-печон мерасад аз бурсзор. Рӯй-рӯйи сангҳо ҷо додааст Пасту боло деҳаро андар канор. Зеҳ занад вақти ғ урубаш офтоб Бар ситеғи кӯҳ аз зар нуру тоб, Сабздеҳ баъди ҳама ҷойи дигар То саҳаргоҳаш гуселонад ба хоб. Сабздеҳ бо пирях ҳамсоя аст, Сабздеҳ бо қуллаҳо ҳампоя аст, Гарчӣ дур афтода аз чашми ҷаҳон, Бо ҳама рӯйи ҷаҳон якҷоя аст.

Китобҳои муаллиф