Сӯҳбати Марди Раҳгузар Бо Сомон
- Тозон куҷо ҳастӣ равон
Дар айни гармии ҳаво?
- Сӯйи даравҷо меравам,
Пеши даравгарҳои мо.
- Ҷойи дарав ҳоло куҷост,
Бар мо бидеҳ онро нишон?
- Дар пушти пушти ёлаҳост,
Он ҷо, ки об ояд давон.
- Об аз куҷо, бар мо бигӯ,
Ояд давон, эй гулписар?
- Оби зулол ояд давон
Аз пушти шах, аз бехи ҷар.
- Шах дар куҷо, ҷар дар куҷост,
Бинӣ аз ин ҷо бо нигоҳ?
- Он ҷо, ки монанди таноб
Тобад хати печони роҳ.
- Касро барад то бар куҷо
Ин раҳ бигӯ, аз ин макон?
- То бар даравҷо мебарад,
Он ҷо, ки ман ҳастам равон.
