Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Ва Кӯҳи Саркаш

- Эй кӯҳи саркаш, ин қадар Сар мекашӣ сӯйи само? То чанд сар бармекашӣ? Қад мекашӣ то бар куҷо? - Сар мекашам, қ ад мекашам, То он замон, эй ҷони ҷон, То аз сари китфам ниҳӣ По бар сарои Каҳкашон. - Эй кӯҳи сар то пой зеб, Сарсабз ҳастӣ ин қадар? Якумр мегирӣ чаро Пӯшоки сабзи худ ба бар? - То мурғакон дар шохаҳо Монанд зебо ошён, Сомони ҷон хушдил шавад Аз чаҳ-чаҳи ин мурғакон. - Эй кӯҳи дар гил пойбанд, Эй сарбаланди побаҷо, Аз домани ин обу хок Бигрифтаӣ маҳкам чаро? - Поят набошад устувор Гар дар дили хоки ватан, Душвор дар рӯйи замин Сарро баланд афрохтан.

Китобҳои муаллиф