Сӯҳбати Сомон Бо Офтоби Тобон
- Эй офтоб, эй офтоб,
Эй офтоби шӯълавар,
Аз чашми ман гаштӣ ниҳон,
Шабро чӣ сон кардӣ саҳар?
- Дар пушти як кӯҳи баланд,
Дар як диёри гулбабар,
Бо дӯстоне мисли ту
Бурдам дами хубе ба сар.
- Эй офтоб, эй офтоб,
Эй офтоби шӯълабор,
Боз омадӣ бисёр гарм,
Чун омадӣ бар кӯҳсор?
- Боз омадам, гарм омадам,
Сардӣ барам аз регу об,
То ту тани худро диҳӣ
Дар регу дар об обу тоб.
- Эй офтоб, эй офтоб,
Эй офтоби шӯълакор,
Аз ғ айри обу реги тар
Нурат куҷо созӣ нисор?
Дар пуштаҳо бар киштаҳо,
То сар кашад гандум ва ҷав,
Дар боғ то ранг оваранд
Тармеваҳои нав ба нав.
- Эй офтоб, эй офтоб,
Эй офтоби шӯълазан,
Бо кӣ ту ҳамдам мешавӣ,
Чун меравӣ аз чашми ман?
- Албатта, мегӯям ба ту,
Фардо чу оям рӯ ба рӯ.
Ҳар ҷо равам, эй дӯстрӯ,
