Кӯрароҳ
Борик асту каҷмакаҷ чун роҳи мор,
Дар бари кӯҳу сари тал хуфтааст.
Бигзарад аз зери сангу рӯйи хор,
Хору гул рӯйи раҳаш бишкуфтааст.
Кист он, ки бори аввал кашф кард,
Пай заду рӯ бар раҳи мақ сад ниҳод?
Бори аввал аз канораш раҳ сипард,
Пай заду бар дигарон пайраҳ кушод?
Ёд н-орад,
Мениҳад умрест сар
Пеши пойи роҳҷӯю раҳгузар,
Пир ҳамчун кӯҳҳои пирасар,
Пир ҳамчун чашмаҳои беғ убор.
Гаҳ нишебу гаҳ хаму гоҳе фароз,
Паҳн не чун шаҳраҳу ҳамвор нест.
Раҳравонро раҳнамою чорасоз,
Бо савори мошин ӯро кор нест.
Сабза пинҳон кай кунад рӯйи варо?
Бо кафи дасташ куҷо пӯшад хазон? -
Аз бараш шому саҳар дар рафтуо
Селаи кабку қатори оҳувон.
Пай супоранд аз бараш харгӯшакон,
Раҳ равад бо хорпуштак хорпушт.
Гургу рӯбаҳ дар бараш ёбад макон,
Хирси хобӣ мениҳад пойи дурушт.
Он якеро мекунад сӯе гусел,
Он якеро боз гирад пешвоз.
Ҳамчуноне буд беному нишон,
Монад он сон дар паноҳи кӯҳ боз.
