Шеърҳо бо теги: табиат
Шеърҳои марбут ба теги «табиат» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Зи бӯи зулфи ту мафтунам, эй гул,
Зи бӯи зулфи ту мафтунам, эй гул, Зи ранги рӯи ту дилхунам, эй гул. Мани ошиқ зи ишқат беқарорам, Ту чун Лайлию ман Маҷнунам, эй гул.
Дило, ғофил зи субҳонӣ, чӣ ҳосил,
Дило, ғофил зи субҳонӣ, чӣ ҳосил, Мутеъи нафси шайтонӣ, чӣ ҳосил? Бувад қадри ту афзун аз малоик, Ту қадри худ намедонӣ, чӣ ҳосил?
Дило, пӯшам зи дастат ҷомаи нил,
Дило, пӯшам зи дастат ҷомаи нил, Ниҳам доғи ғамат чун лола бар дил. Дам аз меҳрат занам ҳамчун дами субҳ, Аз ин дам то дами сури Сирофил.
Бура булбул, бинолем аз сари сӯз,
Бура булбул, бинолем аз сари сӯз, Бура, ишқи саҳар аз му биёмӯз. Ту аз баҳри гули панҷрӯза нолӣ, Му аз баҳри дилоромам шаву рӯз.
Гулаш дар зери сунбул сояпарвар,
Гулаш дар зери сунбул сояпарвар, Ниҳоли қоматаш нахлест навбар. Зи ишқи он гули рухсори сурӣ Чу булбул нолаву афғон баровар.
Маро на сар, на сомон офариданд,
Маро на сар, на сомон офариданд, Парешонам, парешон офариданд. Парешонхотирон рафтанд дар хок, Маро аз хоки эшон офариданд.
Амон аз ахтари шӯридаи му,
Амон аз ахтари шӯридаи му, Фиғон аз бахти баргардидаи му. Зи ҳиҷронат ба ҷои ашкам аз чашм Зи мижгун шӯълаҳои оташ ояд.
Насиме, к-аз буни он кокул ояд,
Насиме, к-аз буни он кокул ояд, Маро хуштар зи бӯи сунбул ояд. Чу шав гирам хаёлатро дар оғӯш, Саҳар аз бистарам бӯи гул ояд.
Намедунам, дилам девунаи кист,
Намедунам, дилам девунаи кист, Куҷо мегардаду дар хунаи кист. Намедунам, дили саргаштаи му Асири наргиси мастунаи кист.
Баҳор омад ба саҳрову дару дашт,
Баҳор омад ба саҳрову дару дашт, Ҷавонӣ ҳам баҳоре буду бигзашт. Сари қабри ҷавонон лола рӯяд, Даме, ки маҳвашон оян ба гулгашт.
Яке барзигаре нолун дар ин дашт
Яке барзигаре нолун дар ин дашт Ба чашми хунфишон олола мекишт. Ҳамекишту ҳамегуфт: Эй дареғо, Ки бояд киштану ҳиштан дар ин дашт.
Тани меҳнаткаше дирам, Худоё,
Тани меҳнаткаше дирам, Худоё, Дили ҳасраткаше дирам, Худоё. Зи шавқи маскану доди ғарибӣ Ба сина оташе дирам, Худоё.
Бибандам шолу мепӯшам қадакро,
Бибандам шолу мепӯшам қадакро, Бинозам гардиши чархи фалакро. Бигардам оби дарёҳо саросар, Бишӯям ҳар ду дасти бенамакро.