Шеърҳо бо теги: дубайтӣ
Шеърҳои марбут ба теги «дубайтӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дило, хубун дили хунин писанданд,
Дило, хубун дили хунин писанданд, Дило, хун шав, ки хубун ин писанданд. Матоъи куфру дин бе муштарӣ нест, Гурӯҳе ун, гурӯҳе ин писанданд.
Ду чашмам дарди чашмуни ту чинод,
Ду чашмам дарди чашмуни ту чинод, Наво дарде ба чашмунат нишинод. Шунидам, рафтию ёре гирифтӣ, Агар гӯшам шуну, чашмам навинод.
Яке дарду яке дармун писандад,
Яке дарду яке дармун писандад, Яке васлу яке ҳиҷрун писандад. Му аз дармуну дарду васлу ҳиҷрун, Писандам, он чиро ҷонун писандад.
Ниҳоле, к-он сар аз боғе барорад,
Ниҳоле, к-он сар аз боғе барорад, Ба бораш ҳар касе дасте дарорад. Бибояд канданаш аз беху аз бун, Агар бар ҷои мева гавҳар орад.
Чу он шохам, ки бораш хурда бошанд,
Чу он шохам, ки бораш хурда бошанд, Чу он вайрон, ки ганҷаш бурда бошанд. Бар ун пире ҳаменолам дар ин дашт, Ки рӯдони ҷавунаш мурда бошанд.
Маро на сар, на сомон офариданд,
Маро на сар, на сомон офариданд, Парешонам, парешон офариданд. Парешонхотирон рафтанд дар хок, Маро аз хоки эшон офариданд.
Амон аз ахтари шӯридаи му,
Амон аз ахтари шӯридаи му, Фиғон аз бахти баргардидаи му. Зи ҳиҷронат ба ҷои ашкам аз чашм Зи мижгун шӯълаҳои оташ ояд.
Хуш он соат, ки ёр аз дар дарояд,
Хуш он соат, ки ёр аз дар дарояд, Шави ҳиҷрону рӯзи ғам сарояд. Зи дил берун кунам ҷонро ба сад шавқ, Ҳамин воҷам, ки ҷояш дилбар ояд.
Насиме, к-аз буни он кокул ояд,
Насиме, к-аз буни он кокул ояд, Маро хуштар зи бӯи сунбул ояд. Чу шав гирам хаёлатро дар оғӯш, Саҳар аз бистарам бӯи гул ояд.
Ба дил ёдам чу аз буму бар ояд,
Ба дил ёдам чу аз буму бар ояд, Сиришкам бехуд аз чашми тар ояд. Аз он тарсам мани баргаштадаврон, Ки умрам дар ғарибӣ бар сар ояд.
Макун коре, ки бар по сангат ояд,
Макун коре, ки бар по сангат ояд, Ҷаҳон бо ин фарохӣ тангат ояд. Чу фардо номахоҳун нома хоҳанд, Туро аз нома хондан нангат ояд.
Хушо онун, ки во та ҳамнишинанд,
Хушо онун, ки во та ҳамнишинанд, Ҳамеша бо дили хуррам нишинанд. Бувад ин расми ишқу ишқбозӣ, Ки густохона оянду та винанд.
Хушо онун, ки савдои ту диранд,
Хушо онун, ки савдои ту диранд, Ки сар пайваста дар пои ту диранд. Ба дил дирам таманнои касоне, Ки андар дил таманнои ту диранд.
Илоҳӣ, гардани гардун шавад хурд,
Илоҳӣ, гардани гардун шавад хурд, Ки фарзанди ҷаҳонро ҷумлагӣ бурд. Яке н-оя, фалонӣ зинда вобӣ, Ҳамегӯя:- Фалон ибни фалон мурд.
Ғами ишқат биёбунпарварам кард,
Ғами ишқат биёбунпарварам кард, Ҳавои бахт беболупарам кард. Ба му гуфтӣ:- Сабурӣ кун, сабурӣ, Сабурӣ турфа хоке бар сарам кард.
Дилам бе васли та шодӣ мебинад,
Дилам бе васли та шодӣ мебинад, Ба ғайр аз меҳнат озодӣ мабинад. Харобободи дил бе мақдами та, Илоҳӣ, ҳаргиз ободӣ мабинад.
Хушо онун, ки ҳир аз бир надунанд,
Хушо онун, ки ҳир аз бир надунанд, На ҳарфе вонависан, на бихунанд. Чу Маҷнун рӯ ниҳанд андар биёбун, Дар ин кӯҳо раванд, оҳу чарунанд.
Хушо онун, ки аз по сар надунанд,
Хушо онун, ки аз по сар надунанд, Миёни шӯъла хушку тар надунанд. Куништу Каъбаву бутхонаву дайр- Сарое холӣ аз дилбар надунанд.
Ҳар он кас ошиқ аст, аз ҷон натарсад,
Ҳар он кас ошиқ аст, аз ҷон натарсад, Ки ишқ аз кундаву зиндон натарсад. Дили ошиқ бувад гурги гурусна, Ки гург аз ҳай-ҳайн чӯпон натарсад.
Агар зарринкулоҳӣ, оқибат ҳеч,
Агар зарринкулоҳӣ, оқибат ҳеч, Ба тахт ар подшоҳӣ, оқибат ҳеч. Гарат мулки Сулаймон дар нигин аст, Дар охир хоки роҳӣ, оқибат ҳеч.
Намедунам, дилам девунаи кист,
Намедунам, дилам девунаи кист, Куҷо мегардаду дар хунаи кист. Намедунам, дили саргаштаи му Асири наргиси мастунаи кист.
Баҳор омад ба саҳрову дару дашт,
Баҳор омад ба саҳрову дару дашт, Ҷавонӣ ҳам баҳоре буду бигзашт. Сари қабри ҷавонон лола рӯяд, Даме, ки маҳвашон оян ба гулгашт.
Диле дирам харидори муҳаббат,
Диле дирам харидори муҳаббат, К-аз ӯ гарм аст бозори муҳаббат. Либосе бофтам бар қомати дил Зи пуди меҳнату тори муҳаббат.
Яке барзигаре нолун дар ин дашт
Яке барзигаре нолун дар ин дашт Ба чашми хунфишон олола мекишт. Ҳамекишту ҳамегуфт: Эй дареғо, Ки бояд киштану ҳиштан дар ин дашт.
Та дурӣ аз барам, дил дар барам нест,
Та дурӣ аз барам, дил дар барам нест, Ҳавои дигаре андар сарам нест. Ба ҷони дилбарам, к-аз ҳар ду олам Таманнои дигар ҷуз дилбарам нест.